ХОИНОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАДҲОИ НОПОКИ ХУД НАМЕРАСАНД!

        ВОКУНИШ: Аз ҳодисаҳои дирӯзаи Бадахшон хоинони миллат ба монанди Кабириву Ҳ. Ашӯрову Иқболу Салмону дигар асолатбохтагони кӯрнамак хурсанд шудаву беист ҷоғ зада, шаҳрвандони ин пораи меҳанро ба ҷангу хунрезиҳо таҳрику васваса менамоянд. Ин пайравони шайтону аҳриманнажодон тинҷиву оромии Тоҷикистони азизи моро хуш надоранд ва аз ҳар як ҳодисаву воқеаҳои дар вилояти Бадахшон рӯйдода фоҷеа сохтанӣ мешаванд. Аз чеҳраҳои олами ҷиноии Бадахшон “қаҳрамон” сохтаву онҳоро ба эҳсос оварданӣ шуда, бо ин роҳ мехоҳанд вазъи ин вилоятро, ки як пораи хоки Тоҷикистон аст, нотинҷ созанд ва нофаҳмоиҳои аҳолиро байни ҳукумату давлат ба бор оранд. Ба ин восита ба ҷаҳониён нишон диҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷангу хунрезиҳо идома доранд. Лекин, хоинони миллат ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд, тирашон МИСЛИ ҲАРВАҚТА “ХОК МЕХУРАД”! Итминони комил дорам, ки мардуми Бадахшон ақли солимро кор фармуда, ба бетартибиҳо хотима медиҳанд ва намегузоранд, ки ҷаҳолату разолат боло шавад. Кишвари гулгуншукуфонамон боз ҳам ободу зебо мегардад ва мардум дар руҳияи ватандӯстиву ободгарӣ умр ба сар мебаранд ва намегузоранд, ки душманони берунаи давлату миллат ба ҳар як ҳодисаву воқеаҳои дохилӣ таъсир гузошта тавонанд. Фаромӯш набояд созем, ки ҳама вақт ва дар ҳама давру замон ақли созандаву солим бар ҷаҳолату нодонӣ ғалаба мекунад!

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.