ХОИНОНИ РӮСИЁҲ!

     ВОКУНИШ: Хонед, агар касе номус дошта бошад, ба риққат меояд! Ин ҳикоя нест, ин қисса нест, ҳақиқатест, ки ватанфурӯшон ва хоинони гурӯҳи 24 як модари меҳрубонро ба чӣ бераҳмӣ бо даст писари худаш ба қатл расониданд. Модари азизи мо баъди чанде мефаҳмад, ки писараш дар муҳоҷират ба доми фиреби пайравони Кабирии хоин гирифтор шудааст. Мехоҳад, ҷигарбандашро аз назди ин хоинон рафта биёрад.(Гарчанде доғ ҳам бошад барои модар фарзанд аст). Як чизро хуб донед, ки гурӯҳи 24 - ин гурӯҳ дар ҳақиқат террорист омода мекунад! Барои ҳамин танҳо 5-6 нафар манфиатҷуйи пастфитраташ боқӣ мондаасту халос. Ин террористон тавассути маводи нашъаовар фарзанди ин модарро гумроҳ мекунанд ва мегӯянд модарат туро аз назди мо мебарад. "Ту ҷиҳод кардан мехоҳӣ пас сари модари худро аз танаш ҷудо кун". Ту ӯро бикӯшӣ, биҳишт меравӣ ... Ин Худозадаи ҳаромии пастфитрат дар назди ҳамин беномусону хунхорон сари модарашро аз тан ҷудо мекунад. Эй ҳаромӣ! "Биҳишт зери пои модарон аст", "Ҷиҳод хизмат кардан дар ҳаққи падару модар аст", "Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист". "Ин аст беҳтарин ҷиҳод"! Эй лаънатӣ, чаро ба модаре, ки туро нӯҳ моҳ дар шикамаш нигоҳ дошт, худ напӯшид, туро бузург кард, ин корро раво донистӣ?! Магар Худованд туро мебахшад? Албатта, ки ҳаргиз намебахшад! Ва чуноне, ки бародараш нақл мекунад, таввасути ҳамин хоинон ин лаънатӣ бо азоби дардноке кушта шуд. Худатон муқоиса кунед, ки ба куҷо рафт ба дӯзах ва ё ҷаннат?! Худованди ҳамаи гуноҳро мебахшад, ба ғайр аз оне, ки касе бандаашро қатл мекунад... Ин лаънатӣ модарашро кушта аст. Эй бародаронам, мардуми ватандӯсту ватанхоҳ ва сулҳпарварам, эй шаҳрвандони Тоҷикистон, эй сокинони босаводу бомаърифати Бадахшон, Шумо ба ҳаминҳо бовар мекунед?! Инҳо мову Шуморо иғво андохта, худ аз дур хандидан мегиранд! Фаромӯш накунед, инҳо на парвои моро доранд, на парвои Шуморо доранд, на падару модар на фарзанд, на Ватан ва на парвои хешу наздикони худро мекунанд. Пас сухани ман табарвор аст.(Ба суханони шакарвори хоинон, ки моро ноором месозанд, бовар накунед). Инҳо дӯст нестанд. Дӯсти Шумо ман ҳастам, ҳаматонро дӯст медорам бароятон фарқияте намегузорам. Мехоҳам дар Ватани мо, хонаи ман(мо) ҳамеша оромиву осудагӣ бошад... Биёед аз ақл истифода барем... Мо бо шиори Пешвои миллат "Тоҷикистон ба пеш" Ҳамеша ба пеш равем... Биёед, аз худ номе гузорем, ки насли оянда моро ба неки ёд оранд ва бо мо ифтихор кунанд.

Билоли Ҳигматулло- Раиси Ташкилоти ибтидои ҲХДТ Нурафшони ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.