ВОКУНИШ: Тариқи телевизиони Бадахшон изҳороти охири Маркази матбуоти РВКД дар вилояти Бадахшонро тамошо кардам. Дар ин изҳорот бо сабаби муноқишаҳои дохилии гурӯҳҳои муташаккил кушта шудани яке аз саркардагони гурӯҳи ҷиноии шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров сухан мерафт. Бояд қайд намуд, ки ин нафар ҳамчун як ҷинояткор ва наркобари ин минтақа ҳисоб шуда, як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнинро иҷро кардааст. Аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фурӯши ғайрирасмии сангҳои қимматбаҳо, латукӯби кормандони давлатӣ, истифодаи ғайриқонунии яроқи оташфишон ва ғайраҳо. М. Мамадбоқиров ба таъкидҳои пай дар пайи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аҳамият надода, ҷинояткориҳои худро идома медодааст. Қонунҳои амалкунандаи кишварро рӯйрост поймол кардаву солҳои охир бо ТЭТ ҲНИ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, аз ҳодисаҳои моҳҳои ноябри соли 2021 то моҳи майи соли 2022 таҳти роҳбариву роҳнамоии М. Кабирӣ ва А. Шерзамонов фаъолият намудаву дастуру супоришҳои онҳоро иҷро мекардааст. На танҳо худ дар доми фиребу найранги наҳзатиҳо афтод, балки садҳо нафар ҷавонони дигарро ҳам гумроҳ сохта, аз қафои худ бурдаву ҷинояткор сохт. Баъзе нафарон дидаву дониста ин ҷинояткорро "қаҳрамон" ва "шаҳид" меҳисобанд, ки комилан хатои маҳз аст. Саволе ба миён меояд, ки М. Мамадбоқиров кӣ буд ва ба мардуми Бадахшон чӣ хизмате кард?! Ягон муассисаи таълимӣ ё томактабӣ сохта ба истифода дод, роҳу пулҳо бунёд намуд, корхонаҳои истеҳсолиро мавриди баҳрабарӣ қарор дод? Ба ғайри кушта шудану маҳбасӣ гардидан ҷавонони бадахшӣ дигар аз ин фард чизе нагирифтанд. Яъне, касоне, ки пайрави Боқир гаштанд, қисме кушта гардида, як қисми дигар паси панҷара рафтанд ва қисми бештари ҷавонон нашъаманд низ гардидаанд! Хуллас, доираи ҷиноятҳои Боқир бениҳоят васеъ аст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин хусус беҳтару хубтар медонанд ва хуб мешавад, ки дар гузориши махсус тамоми ҷиноятҳои содиркардаи ӯро ба самъи мардуми кишвар расонанд. Ба қавли Сайидои Насафӣ: Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад!
Ҳасан Ғуломов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён