БА БЕРАҲМОНУ ХОИНОН ДОДА НАШАВЕД!

     ВОКУНИШ: Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро хатари терроризму экстремизм таҳдид мекунад. Маълум аст, ки пайи ин кор нафарони гандумнамои ҷавфурӯш баҳри ноором сохтани минтақа ва ё маконе барои манфиат бурдан амалӣ кӯшиш мекунанд. Мақсад аз ин гуфтаҳо дар ин аст, ки воқеаҳои моҳи ноябри соли 2021 ва майи соли 2022 дар ВМКБ ҳар як шаҳрванди кишварамонро водор месозад, ки баҳри орому осудагии миллату давлатамон бетарафиро ихтиёр накунанд. Махсусан, ҳар як сокини ВМКБ-ро зарур аст, ки нисбати ин гурӯҳҳои хатарзои экстремистию террористӣ пайваста муборизаи беамон баранд. Ин бераҳмони аъзоёни ТЭТ ҲНИ пайваста кӯшиш доранд, бо ҳар роҳу восита миёни миллати тоҷик хунрезӣ намоянд. Боварии комил дорам, ки халқи тоҷик бо хиради волои бузургони худ такя намуда, ба суханҳои ин ифлосони наҳзатӣ дода намешаванд. Мо гаштаву баргашта мегӯем, агар ҳазорон маротиба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, бо ҳазорон нафар одамони бо маблағ харидаатон, ки дар атрофатон ҷамъ намудаед, бо он барномаҳои пучу бемаъноятон, барои мо ҷавонон рӯсиёҳу асолатбохтаед! Мо ҷавонон, такя ба хиради азалии бузургонамон намуда, зери сиёсат ва ғамхориҳои Роҳбари маҳбубамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бар зидди садҳо шумо барин гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, "НАҲЗАТИҲОИ НОМАРД" муборизаи беамон мебарем. Мо миллати тоҷик то Худо нахоҳад, асло парешон намешавем. Чунки аз парешонии аҷдодонамон дар асри Х тӯли ҳазорон сол ранҷ бурдем. Ин дарси зиндагӣ барои мо намунаи ибрат аст. Чунончӣ шоир мегӯяд: Аз парешонӣ бидон иллат ба миллат мерасад, Миллати моро аз ин иллат нигаҳ дорад Худо! Муттаҳидӣ ва якдилӣ ба мо имкон медиҳад, ки оянда зиндагии худ ва фарзандонамонро дурахшон сохта, осуда зиндагӣ кунем. Ҳамеша ба ин пайванд даромада, моро дастгирӣ кунед!

Саидшо Асроров, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.