ВОКУНИШ: Ҳодисаҳои рӯзҳои охирини дар Бадахшон рӯйдода собит намуданд, ки ҷинояткороне чун Мамадбоқир Мамадбоқиров ва пайравонаш аз рӯи сенарияҳои тарҳрезишудаи хоинони миллату давлат, барои манфиатҳои худашон амал мекардаанд. Мамадбоқиров Мамадбоқир ба таври ошкоро ва барқасдона Қонунҳои амалкунандаи кишварро вайрон карда, дар маҳаллаи «Хоруғи боло»-и шаҳри Хоруғ гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро созмон дода, ба як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, инчунин терроризм даст задааст. Вай бо ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ҳамкорӣ дошта, аз ҷониби ТТЭ ҲНИ тавассути Алим Шерзамонов барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ, халалдор сохтани вазъияти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он супоришҳо ва барои иҷрои ин амалҳояш маблағҳои пулӣ мегирифтааст. Мамадбоқиров М. аз бетарафӣ ва муросокории баъзе сокинони шаҳри Хоруғ истифода бурда, фарзандони онҳо, ҷавонони аз назари донишу ҷаҳонбинӣ заифро дар атрофи худ ҷамъ карда, ғояҳои ҷиноятиро дар мафкураи онҳо ҷой менамуд. Санаи 22-юми май соати 17:30, дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилии ҷинояткорон, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич кушта шуд. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят тафтишоти пешакӣ оғоз гардидааст. Душманони миллати тоҷик Кабириву Иқболу Алим Шерзамонов ва дигарон аз ҳар як амалҳои ғайриинсонии баъзе аз ҷавонони бадахшонии гумроҳгашта фахр намуда, бо як чеҳраи пастфитратона мардумро ба хунрезӣ даъват доранд. Ин шайтонпарастону аҳриманнажодон дар ягон давру замон зиндагии шоистаи мардуми тоҷикро намехостанд ва ягон вақти пешрафт ва тинҷиву оромии Тоҷикистони азизи моро чашми дидан надоштанд ва нахоҳанд дошт! Ин хоинон фаромӯш накунанд, ки мардуми бонанги бадахшӣ иҷозат намедиҳанд, ки ин сагон ба ҳадафи нопоки худ расанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми шарифи Бадахшон ақли солимро ба кор мебаранду ба ин бетартибиҳо, ки кори дасти наҳзатиҳои хоин мебошад, хотима медиҳанд ва намегузоранд, ки ҷаҳолату разолат боло равад. Ҳақиқат дер ё зуд ошкор мешавад! Ва он рӯз дур нест, ки дар ин гӯшаи диёр волоияти қонун пурра барқарор мегардад ва мардум дар фазои сулҳу осоиштагӣ ба зиндагии хубу шоиста мерасанд.
Ҳакимзода М. Ш, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён