Нооромӣ нафъ намеорад

     ВОКУНИШ: Оромиву осудагии кишвари соҳибистиқлоламон гарави шукуфоию пешрафт аст. Чанд соли охир маҳз сулҳи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ халқҳои Тоҷикистонро якдасту ҳамдил карда, заминаи устуворе барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд овард. Воқеият ин аст, ки кӯҳистони мамлакат дар солҳои истиқлолият бесобиқа рушд намуд ва дар кӯҳистон шароити мусоид баҳри инкишофи фарҳанг варзиш ва кулли соҳаҳои хоҷагии халқ рӯи кор омада, иқтисодиёти минтақаҳои куҳӣ боло рафт. Сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Ҳукумати кишвар воқеан ҳам баҳри муназзам тарақӣ кардани минтақаҳои кӯҳӣ маблағ ва заҳматҳои зиёдеро ба харҷ додааст. Равшан аст, ки аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани мамлакат ва то Қирғизистону Чин сохтани роҳи мошингард кори азим ва аҳамиятнок аст. Баъди кушода шудани роҳи Душанбе-Кулоб-Қароқурум шароити зисти бадахшониён беҳтар гардида ва робитаи ин вилояти дурдасти кӯҳистон барои тамоми сол ба маркази ҷумҳурӣ таъмин гардид. Орзуи ҳазорсолаи мардуми Помир ҷомаи амал пӯшид. Симои шаҳру деҳоти ВМКБ ба куллӣ тағйир ёфт, зеро Ҳукумати мамлакат ин минтақаро ба қадри зарурӣ ба маблағ ва воситаҳои зарурӣ таъмин намуд. Мутассифона ин пешрафт ва шукуфоии Бадахшон ба бадахшони миллат, дурӯяҳо, иғвогарон ва онщо гурӯҳҳое, ки дар хизмати хориҷиҳои хориҷӣ қарор доранд, писанд наомад. Онҳо борҳо кушиш карданд, ки вазъро дар ин минтақа мураккаб намоянд ва мақсадҳои нопокии худро амалӣ созанд. Ҳукумати мамлакат вазъро бо эътидол овард. Аммо гурӯҳҳои манфиатҷӯ моҳи майи соли равон боз мардуми Бадахшон, махсусан шаҳри Хоруғро ноором карданд. Онҳоро ба тазоҳурот кашида, тартибу низоми корро дар ин минтақа халалдор сохтанд. Дар натиҷа бетартибиҳо халқи заҳматкаш азият диданд ва раванди ворид кардани молу маҳсулоти зарурӣ ба Тоҷикистон ва махсусан Бадахшон мушкил шуд. Ронандаҳои мошинҳои боркаш иброз медоранд, ки бар асари ин амали ношоиста маводи ғизоии зиёде талаф ёфт. Зарари моддиро ҷуброн карданд мумкин, вале зарари маънавии расидаро ҷуброн кардан душвор аст. Ҳарфи тассалӣ ёфтан барои падару модарони фарзандгумкарда ва онҳое, ки саробони оилаашонро аз даст доданд, мушкилтар аст. Ва доғи ин сиёҳкорӣ аз дилҳо зудуда намешавад.

Суоле матраҳ мешавад, ки чаро ин ҳодисаи нангии рух до ва барангезандагони он киҳоян? Тавре санҷиши мутахассисон собит менамояд, ин корро Алим Шерзодшоев аз Аврупо маблағгузорӣ карда, ба ӯ Холбош Холбошев, Улфатхоним Мамадшоева ва дигарон ҳамдастӣ карданд. Ҳоло вазъ дар Бадахшон ором аст ва мардуми оддӣ аз ин амали нозарур афсӯс мехӯранд, бо мақомоти маҳаллӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ доранд. Ҳама ҷонибдори ваҳдату ягонагиянд. Мехоҳанд зиндагии орому осуда дошта бошанд. Оре, халқ ҳамеша оромӣ ва осудагӣ мехоҳад. Вале мехоҳем ба онҳое, ки дар хориҷа қарор доранд ва нисбат ба Ватани азизамон бадӣ мехоҳанд бигӯем, ки то кай онҳо чоплусӣ мекунанд, гарди пои хоҷагонашонро ба дида мемоланд? Ин гуна рафтор ҷавонмардона нест. Хоҷагони хориҷӣ чунин одамони дурӯяи гумроҳро баъди ҳосил кардани ҳадафҳояшон фаромӯш мекунанд.

Мо талаб мекунем, ки дар ин лаҳзаи ҳассоси таърихӣ ҳамватанони дар хориҷа будаи мо аз ақл кор бигиранд, ба эҳсосот дода нашаванд, ба ваъдаҳои дуруғу фиребои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бовар накунанд. Зеро минтақа ва ҷаҳон ноором аст. Аз ин рӯ бояд ҳамаи мо халқҳои Тоҷикистон манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ, қавмӣ ва ғайраро як тараф гузошта аз манфиатҳои миллию давлатӣ ҳимоя намоем ва баҳри пешрафту рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар атрофи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид шавем.

Азимов Азизулло, мудири бахши фарҳанги

мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.