ВОКУНИШ: Мардуми тоҷик аз қадим сулҳпарвару ободкору таҳамулкорои ва сулҳу дӯсти ҷонибдори тинҷию ороми ном баровардааст. Ҳар яки мо мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафдори сулҳу ваҳдат ва осоиштагии тамоми кишварҳои дунё мебошем. Муносибатҳои дӯстонаро бо ҳамсоякишварҳо дар мадди аввал мегузорем. Марзу буми ватан ва ҳар як ваҷаб замини он барои мо муқаддасу бо арзиш аст ва баҳри ҳимояи он мо онро дареғ намедорем. Минтақаи Ворух қимат аз хоки ватани маҳбубамон буда, барои мо орзуи гиромист. Соли равон воқеаҳои сахири тоҷику қирғиз дар Ворух баҳсу нигарониҳои зиёдеро ба вуҷуд оварданд, ки боиси нокоми талафоти ҷони гаштааст. Чунин муноқишаҳо ҳамеша бо ҳар баҳона рух медиҳад, оид ба ин масъалаи баҳси марзи санадҳои ҳуқуқи аз ду ҷониб ба тасвир расонидаанд, вале ин санадҳо мавриди иҷро қарор намегиранд ва бо муноқишаҳо оварда мерасонад.
Мутассифона, маркази аҳолинишини Ворух тӯли даҳсолаҳои охир мавриди ғазби заминҳои тоҷик аз ҷониби мақомоти қирғиз қарор гирифтаанд. Доир ба ин масъала дар шабакаҳои интернети худро ба нашр расонда Тоҷикистонро дар ин қазия гунаҳкор ҳисобиданд. Дар ин ҷангҷуиву кашмокашиҳо роҳбарони ин кишвар бештар нақш доранд, ки аз як гуруҳ мардуми ҳаждаҳсолаву ҷангдӯстдор истифода мекарданд. Ба даъвоҳои беасос айбро ба дӯши тоҷикон бор мекунанду ҷанг мекобиданду нидоъ бармехезанд. Ҳалли ин масъала масъулияти баланд ва роҳи мусалиомезро мехоҳанд мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки байни ду кишвари ҳамсоя оид ба масъалаи замин солҳо баҳсу мунозира кашмокашиҳо идома ёбанду вазъият муташаниҷу ташвишовар боқи монд ва мардуми ин минтақа азият кашанд. Бовари дорем, ки баҳси минтақаи Ворух роҳи ҳалли худро меёбад ва дар байни мардуми ду миллати ҳамкишвар якдигарфаҳми ва сулҳу ошти барқарор мешавад.
Саидов К.Х, директори МНДСЭ-и
ноҳияи Кӯшониён