«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АНДЕША: Баъди пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистони ба тозагӣ соҳибистиқлолгардида оташи ҷанги беамони шаҳрвандӣ аланга зад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониҳои зиёдеро ба бор оварда, хавфи барҳам хӯрдани давлату миллат ба миён омад. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист ҳаёти осоиштаро барқарор созад. Баъди имзои Созишномаи умумии пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки он 27-июни соли 1997 дар шаҳри Маскав сурат гирифт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба истиқболи мардум ба шаҳри Душанбе омад. Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдати миллӣ гулгул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халқамон, ин ваҳдату ягонагист ва вазифаи мо ватандорон аст, ки ин ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст, ки ин - далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии миллати мост ва мо ҷавонон инро бояд омӯзем, дар сиришти худ ҷой диҳем ва дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода намоем. Ваҳдату якпорчагӣ ганҷи бебаҳо буда, ҳифзу пойдор нигоҳ доштани он вазифаи ҳаётан муҳим ва муқаддаси ҳар як сокини диёр, махсусан ҷавонони баору номус ва бошараф ба шумор меравад. Мардуми шарифи кишвар ҳамаи нерӯю кӯшиш, ақлу хиради худро барои боз ҳам устувор гардидани дӯстию рафоқат, ваҳдати миллӣ ва ба қуллаҳои баланди рушду нумуъ расидани Тоҷикистони азиз равона кардаанд. Бигзор, сулҳу Ваҳдати миллӣ то абад побарҷо бошад ва миллати мо ҳамеша зери ливои ваҳдату дӯстӣ ва ягонагӣ сарҷамъу хонаобод бошанд.
Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён