Андеша: Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест, балки барои ноил шудан ба ин мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу фаҳмиши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва маърифати мукаммал доштан зарур аст. Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан, дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон соли 1992 ба нахустсавганди ёд намудааш устувор монд, ки мегуфт: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам». Баробари фаро расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ашки шодӣ дар ҳалқаҳои чашми бародарон ҳувайдо буд, зеро тайи ин солҳо он қадар мушкилот, он қадар нофаҳмиҳо ва он қадар гирифториҳо ба ҳам печидагӣ дошт, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, дар як муддати кутоҳ миллати аз байн рафтаистодаву парокандаи моро сарҷамъ созад. Ва бо овардани ваҳдату ягонагӣ Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оламиён дарси муттаҳидиву ягонагӣ ва ваҳдатороиву сулҳсозиро омӯзонида, кафили сулҳу ваҳдати мо – мардуми Тоҷикистон гардид. Мо бо ин сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ ва шахсияти нотакрор ифтихор дорем! Танҳо тавассути ваҳдат дар кишвар сулҳу салоҳ пойдору устувор ва ҳукмфармоӣ карда метавонад ва дар якпорчагиву ваҳдати сартосарӣ мо метавонем тамоми камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, зиндагиамонро ба шукуфоиву боғу бӯстон мубаддал гардонем. Дар ин ҷода азми ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон қатъист, мо бо Сарвари оқилу дурандешамон метавонем барои худ ва фарзандонамон хаёти арзанда ва шоистаро муҳайё намоем ва дар амну осоиш зиндагии осуда дошта бошем!
Далер Собиров, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён