Вокуниш: Имрӯзҳо воқеаҳои ҳузнангези Бадахшон ҳар як сокини кишварамонро ба ташвиш овардааст. Гарчанде вазъият дар ин минтақаи кишварамон ба эътидол омада бошад ҳам, то ба ҳол ҳастанд нобасомониҳое, ки боиси нигарониҳо мебошанд. Боиси таассуф аст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ амну субот ва ҳаёти осоиштаи Бадахшонро халалдор ва осебпазир месозанд. Пас аз воқеаҳои 17-майи соли 2022 ашхоси ҷиноятпеша, аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов тавассути дастгирии бегонагон барои ноором намудани хаёти осоиштаи мардум рӯзи 12-июни соли равон даст ба хиёнат зада, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Онҳо ҳамчун террорист, хиёнаткор даст ба қочоқу маводи мухаддир, даъват ба тазоҳурот, бетартибиҳои оммавӣ намуда, бо яроқу аслиҳаи зиёд мусаллаҳ буданд. Маҳз бо чунин кирдорҳои ноҷавонмардонаи онҳо мардуми Бадахшон чандест, ки ноорому ваҳшатзада гардида талафоти ҷонӣ доданд. Вале пеши роҳи ин даҳшатафканиҳои гурӯҳҳои муташаккил гирифта шуда, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бадахшон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов муқовимат нишон дода, дар натиҷаи оташи ҷавобӣ безарар гардонида шуданд. Хиёнаткорон ба мақсади нопокашон нарасиданд. Ҳамзамон гурӯҳи дигари ҷиноятпеша Аёмбеков Толиб, Гулобов Ниёзшо ва Шамбиев Мунаввар, ки дар бесару сомониҳо, гирдиҳамоиҳои оммавӣ, ғоратгарӣ, ғасби роҳҳои автомобилгард ва таъмин бо силоҳ даст доштанд, боздошт гардиданд ва яроқу силоҳҳои оташфишони онҳо мусодира карда шуд. Дур нест он рӯз, ки Бадахшон аз хиёнаткорон, гурӯҳҳои ҷиноӣ ва авбошону фитнаангезон пок мешаванд. Мо тарафдори он ҳастем, ки мардуми сарбаланди Бадахшон дар фазои орому осоишта зиндагӣ намоянд ва бошад, ки нохалафон ҳарчӣ зудтар сари хеш чу гирдоб хӯранд.
Саидшо Асроров, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён