ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР!

ВОКУНИШ: Моро мебояд, ки барои таъмини амну осоиши кишварамон бо истифода аз имкониятҳои фитриву зеҳнии хеш дар ҳалли масъалаҳои мубрам саҳм гирем, мардумро ба амалҳои нек, таҳаммулгароӣ ва субот даъват намоем. Мардум ва бахусус, ҷавонон бояд хуб донанд, ки терроризм ва экстремизм ба дин, мазҳаб ва миллат рабт надорад ва ба ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткорӣ ин мубориза бар зидди дин нест. Ҳимояи ислом аз ин зуҳуроти номатлуб кори мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва ҳар як донишманди улуми исломӣ низ мебошад. Дар иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7 декабри соли 2005 баргузор гардид, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба шахсияти терорист чунин баҳо дода буданд: “Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб, Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст.... ин гуна нирӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунад ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд”. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон доир ба ин падидаи номатлуб ва вабои аср, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, диққати махсус медиҳад. Зимни ҳар баромаду суханрониҳояш, вохӯрию мулоқоташон бо қишрҳои гуноногуни ҷомеа, алалхусус аҳли ҷамоатчигии мамлакат, зиёиён, ходимони ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ барои пешгирӣ кардан аз ҳар гуна кӯшишҳои халалдор сохтани фазои динӣ ва сиёсии кишвар таъкид менамояд. Дар нутқу баромадҳои худ Президенти муҳтарам пайваста огоҳ менамоянд, ки мубориза алайҳи амалҳои номатлуби ифротгароӣ ва таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, сӯиистифодаи Ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ кори ҳама ва ҳар кас мебошад. Аз рӯи баромадҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки мубориза ба ифротгароиву терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба шарте самарабахш мешавад, ки мубориза барои таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва таъмину таҳкими амнияти давлат ва халқамон бардавому доманадор бошад. Давлати Тоҷикистон ба ҳамаи динҳо эҳтиром мегузорад, вале ба хотири таъмини амният ва оромиву суботи ҷомеа пеши роҳи ҳама гуна ҷудоиандозиву тафриқаангезиро қотеъона хоҳад гирифт. Ҳама гуна ҳуқуқ ва ҳама гуна озодиҳо аз чаҳорчӯби муқаддасоти миллӣ, ки Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф кардаанд, берун баромада наметавонад. Конститутсияи Тоҷикистон ҷудо будани ташкилотҳои диниро аз давлат ҳатмӣ шуморида, татбиқи онро барои пешгирӣ намудани мудохилаи манфиатҳои сиёсиву ғаразноки шахсӣ ва гурӯҳӣ ба озодии эътиқод шарти муҳими таъмини ҳуқуқи конститутсионии одамон ба озодии виҷдон меҳисобад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва шахси масъул, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва зерсохторҳои он, аз қабили бахш оид ба корҳои дин, кумитаҳои маҳаллаҳо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама падару модарон, устодону омӯзгорон, олимону адибон ва умуман аҳли зиё, инчунин ходимони дин ва ҳар як фарди бонангу номуси ноҳия аз он иборат аст, ки арзишҳои олии фарҳанги милливу диниамон - некиву накӯкорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармондагонро дар байни мардум, хусусан ҷавонон, мунтазам тарғиб намоянд.

Миҷгона Ҳакимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.