РОҒУН - ИНШООТИ АЗИМИ АСР!

      Андеша: Сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун, ки иншооти азими аср ба ҳисоб меравад, яке аз ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, заминаи воқеии расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад. Баландии сарбанди нерӯгоҳ 3395 метр аст. Ғунҷоиши об дар нерӯгоҳ бошад, ба 13,5 миллиард метри мукааб мерасад. Сохтмони НБО-и Роғун гарчанде дар охири солҳои асри ХХ оғоз гардида бошад ҳам, таввасути дастгириҳои пайваста, ҷаҳду талош ва истодагариҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори он вусъати тоза бахшида шуд. Бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун аҳамияти стратегӣ дошта, барои пешрафти зиндагии мардуми тоҷик замина мегузорад ва метавонад чандин даҳсолаҳо барои миллати мо хизмат намояд. Он барои пешрафту тараққиёти иқтисодии ҷумҳурӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар шароити мусоид фароҳам меорад. Неругоҳ аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар яке аз агрегатҳо 600 мегаватро ташкил медиҳад. Ду агрегати НБО Роғун дар рӯзҳои ҷашнии мамлакатамон ба истифода дода шуданд, ки ин мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Чунончӣ, чархи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун моҳи ноябри соли 2018 дар Рӯзи Президент, дар рӯзи баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, ба истиқболи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чархи дуюми нерӯгоҳи барқии обии Роғун санаи 9 сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд. Дар баробари ба кор оғоз намудани ин агрегатҳо дар хонадони ҳар яки мо гармӣ ва рӯшноии барзиёд фаровон гардид. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Помир-1, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе сохта ба истифода дода шуда, дар натиҷа, солҳои охир мардуми Тоҷикистон дар фасли зимистону тирамоҳ барқро бемаҳдудият истифода намуда истодаанд. Дар баробари ба истифода дода шудани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, Тоҷикистон ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне гузаштан аз сохти аграрӣ- саноатӣ ба саноатӣ - аграрии мамлакат оғоз намуда, барои сохтани корхонаҳои калони истеҳсолӣ шурӯъ намудааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату наҷод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷуҳи хоса дорад. Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури тоҷикона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат кашида истодаанд. Онҳо хуб медонанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзӣ дар ин иншооти бузург барои ҳар фарди ватандӯст - коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи ифтихору шараф аст, зеро онҳо дар иншооте кор мекунанд, ки сарнавишту рушди миллату давлат ба он вобастагии калон дорад.

Ҳасан Ғуломов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.