ҶАВОНОНРО АЗ ИФРОТГАРОӢ ЭМИН ДОРЕМ

         ВОКУНИШ: Вазъи имрӯзаи ҷаҳон басо мураккабу печида мебошад. Тариқи расонаҳои гуногуни иҷтимоӣ падидаҳои номатлуб ва ниҳоят хатарнок баррасӣ мешаванд, ки барои пайдоиш ва густариши ифроту тундгароиҳо замина мегузоранд. Қишри асосие, ки ба ин созмону гуруҳҳо пайваст мешаванд, аксар ҷавонон мебошанд. Аксар ҷавононе, ки тундгароиву ифротӣ ҳастанд, заъфи равонӣ доранд ва ин ҳолат сабаби интихоби сарнавишташон мегардад. Ифротгароён ва мубаллиғони онҳо дар вуҷуди ҷавонони ноогоҳ ҳисси бадбинӣ, қассос гирифтан, роҳи ҳалли проблемаҳои шахсиро ба таври нодуруст ва иғвогарона бедор менамоянд. Махсусан, мубаллиғоне мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ва Салмони Гуруҳи-24, ки пайваста дар афкору мақсадашон бунёди мақсадҳои нопок, ташкили офату бадбахтиҳост ҷавононро ба сӯи худ ҷалб месозанд. Мехоҳанд боз шӯру қиёмро барпо намуда, хоҷагони хориҷии худро шод гардонида, ба мақсадҳои ғаразнокашон комёб гарданд. Ҳастанд ҷавонони соддаву гумроҳ, аз илму маърифат дурмонда, ки зуд ба доми фиреби чунин ашхос гирифтор мешаванд. Вале, бори каҷ ба манзил намерасад. Ин тоифа ҷавонон вақте ки хатои худро мефаҳманд, ки аллакай дер шудааст, ҷиноятеро содир намудаанд, ё ба ифротгароиву тундгароӣ шомил шудаанд. Дар ин росто масъалаи муҳим он аст, ки ҳанӯз дар овони мактабхонӣ тарбияи наврасонро пурзӯр намоем, ҷаҳонбинии онҳоро тавассути низоми пешрафти таълим таҳким бахшем, оид ба хавфу хатари экстремизму терроризм ва пешгирии онҳо таълимотро беҳтару хубтар ба роҳ монем.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода М.Ш.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.