Тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ

        ВОКУНИШ: Чи хеле ки ҳамаи мо медонем ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Аз ин рӯ, онҳо дар кадом муҳите, ки ба воя расанд, мувофиқи он дар ҷомеъа амал мекунанд. Ин аст, ки бояд ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия ёбанд. Имрӯз масъалаи тарбияи ҷавонон дар мадди назари ҳукумати кишвар қарор дорад. Мо андеша дорем, ки ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарураст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Русия, яъне кишвари муҳоҷирати корӣ, бо роҳи найранг ва сардаргумӣ шомили гурӯҳҳои созмон ёфтаи ҷиноӣ мегарданд. Аз Русия ҷалб кардани ҷавонон, ба хусус онҳое, ки бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар омадаанд, барои гурӯҳҳои ифротӣ нисбатан осон даст медиҳад. Барояшон пардохти маблағ ва имтиёзҳое ваъда медиҳанду бо фиребу найранг ҷавононро ифротгар месозанд. Гарчанде, ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале қувваро танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкинаст. Бинобар ин андешаву хулосаҳо моро водор мекунад, ки бо ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ фаъолиятҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ғайри давлатиро бахотири беҳбудии вазъи ҷавонони имрӯз, ки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, рушд диҳем. Таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарварӣ, илму фарҳанг дустӣ ва арзишҳои демократӣ бояд дар ҷомеъа мавқеи авалиндараҷа дошта бошад. Масалан, агар як ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ мақоми ифтихориро касб кунад ва бо медал ҷоиза ба Ватан баргардад, ҳатман, ки истиқболи гарми ҳамватанонро дида, дигар ҷавонон низ аз ӯ пайравӣ мекунанд ва ба ин восита худро ба варзиш бахшида, фикри ба дигар гурӯҳҳои номатлуб ҷалбшуданро фаромӯш мекунад. Мо мехостем дар охир ба ҳамаи падару модарон таъкид карда гӯем, ки бояд ба тарбияи фарзандон аҳамияти махсус диҳанд нагузоранд, ки беҳуда фарзандонашон дар кучаю дигар чойҳо вақти худро гузаронанд. Ба доми гуруҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нагарданд.

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Умаралиев А.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.