Вокуниш: Ҳақ ба ҷониби шоири шаҳир Абдулқодирхоҷаи Савдо (1823 - 1873) мебошад, ки ин мисраи шеъриаш дархури замони мост. Як гуруҳ хоинону душманони давлату миллати тоҷик ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Ҳусейн Ашуров, Иқболи Садриддин, Салмону Абдураҳмони - 09 ва ғайраҳо дар ҳақиқат "Фитнаҷӯёни замон" мебошанд ва инҳоро тарбият кардан нашояд ва инҳо тарбият намегиранд! Ҳар як кадоми инҳо ба таври худ донандаи улуми дини мубини ислом ҳастанд, вале суханронияшон хилофи дини ислом мебошад. Ин тоифа бо барномаҳои пур аз таҳқиру ғайбату дурӯғ ва дигар амалҳо зидди давлату миллати худ баромад карда истодаанд ва ба ин васила диққати мардумро ба худашон ҷалб кардан мехоҳанд. Махсусан, Иқболи Садриддин дар баромадҳои худ аз таҳқир, ғайбат, дурӯғ, таъна задан, захми забон, дашному носазо гуфтан, беобрӯ ва бадном кардан, тақлиди садои касе барои мазоқ кардан ва ғайраҳо истифода карда, як масхарабоз шудааст, ки бо сергапиву серҷоғӣ ва лаққигӣ маблағ ба даст меорад. Нафароне, ки ба ӯ занг зада, суханони ӯро тарафдорӣ менамоянд, аз онҳо қаҳрамон тарошида, бо ин шахсони содаву зудбовар дурудароз суҳбат намуда, бо нафароне, ки гуфтаҳояшро ҷонибдорӣ намекунанд, зуд алоқаро қатъ карда, садои онҳоро нашунавонидаву ба онҳо имкони сухан намедиҳад. Ин нафаронро чоплус ҳисобида, зуд ба таҳқиру носазогӯӣ мепардозад. Наҳзатиёни асолатбохта дар давлатҳои Аврупо панаҳ бурда, хешро байни мардуми он ҷо мазлуму зулмдида меҳисобанд ва ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар кадоми инҳо паноҳандагӣ доранд ва аз ин рӯ дилпурона рафтору гуфтор менамоянд. Бештар ба ин хоинон ҷавонону ҷавонмардони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта фирефта мешаванд. Аз бехабариву ноогоҳӣ аз нақшаву мароми онҳо ба дом меафтанд, бархе бо сабаби зудбовариву ҳассосият пайрави рафтору гуфтори ин палидон мегарданд. Нафарони зиёде аз пушти инҳо шуда, паси панҷара рафтанд. Ба муҳоҷират рафта, ба доми макру фиреби наҳзатиён афтодаанд. Ба мардуми шарифи Тоҷикистон - онҳое, ки ҳамасола ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, гуфтаниям, ки аз "Фитнаҷӯёни замон" эҳтиёт бошанд ва фирефтаи суханони онҳо нагарданд!
Миҷгона Ҳакимзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён