ВОКУНИШ: Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Аз ин нуқтаи назар як қатор ҳамватанони азизи мо, алалхусус муҳоҷирони азиз, ки бо мушкилотҳои будубош дар қаламрави ФР қарор доранд, бояд донанд, ки бартараф намудани мушкилотҳо танҳо бо роҳҳои дипломатии байни давлатҳо ҳаллу фасл мегардад на аз ҷониби ташкилотҳои экстремистиву ифротие, ки давлати муқобил онҳоро ба расмиёт намешиносад. Имрӯз ин хоинону ифротиён аз мушкилотҳои бар сари миллати мо пеш омада маккорона истифода бурда истодаанд. Айни замон, душманони миллати тоҷик тариқи роҳҳои пинҳонӣ бо маблағгузориҳои ҳангуфт, минбархои таблиғотиро дар ихтиёри террористоне чун Кабирию пайравонаш мегузоранд ва баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳои худ барномаҳоро роҳандозӣ мекунанд. Арзишҳои олие, ки мо қадр мекунем арзишҳое мебошанд, ки дар худ ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, меҳрубонӣ, дӯстиву рафоқат, ягонагӣ ва созандагиро ҷой намудааст. Маҳз давлати Тоҷикистон, дар давоми 30 соли охир, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи баъзе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад. Маҳз бо ҳамин мақсад ҳам аз ҷониби иддае аз ташкилотҳои экстремистиву ифротгаро, ҲНИ ва Гурӯҳӣ 24 барои паҳн намудани ақидаҳои экстремистӣ ва ифротӣ сайтҳои интернетӣ истифода мешавад, ки дар онҳо баёнияҳо, паёмҳои роҳбарият ва фаъолони он ба халқу миллати тоҷик нашр мешавад. Фаромӯш набояд кард, ки барои сомонаҳои ифротии наҳзатӣ миллат ва халқу ватан арзише надоранд. Онҳо аз ин истилоҳот танҳо барои ба ҳадаф расидан суйистифода мекунанду халос ва кӯшиш мекунанд, ки бо тӯҳмату бӯҳтон давлату миллатро сиёҳ кунанд. Бадхоҳоне, ки аз рехтани хуни ноҳақи миллат наметарсанд, бояд дониста бошанд, ки чоҳкан зери чоҳ аст, ҳақиқат ҳамеша ҷойи худро меёбад. Имрӯз ягон нақшаи палидонаи хоинони миллат барои нооромии Тоҷикистони азиз кор намеояд, зеро халқи тоҷик симои разилонаи ин гуна шахсонро медонад ва мешиносад. Аз гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз ҳар як фарзандаш меболад, мефахрад, дуст медорад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунад.
Шукронаи Маҳмадализода, раиси ташкилоти ибтидоии "Ҷавонон ва варзиш"