Накҳати ҷонбахши Истиқлол

    АНДЕША: Инак Тоҷикистон азизу биҳиштгуна идвораи бузург, ҷашни шодию нишот дорад, ки он 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатист. Мардуми шукргузори Тоҷикистон ҳар нафас аз неъмати бебаҳои истиқлол, сулҳу субботу Ваҳдати куллӣ нӯши ҷон кардан доранд, ки аз хостаҳою ормонҳои умдаи иҷтимоӣ буда, мардуми аксар кишварҳо, ки дар меҳвари низоъҳо қарор доранд, аз ин накҳати ҷонбахш бенасибанд. Ин ҳама самараи заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамчун сиёсатдон, заковатманд, донистакор, дурандешу давлатмадорӣ тадбирҷу дар арсаи ҷаҳон пазируфта шудааст. Таҷлили ин ҷашни бошукӯҳи давлати бо мақсаду гиромидошти ин неъмати бузург аст, ки бори дигар рӯҳи Истиқлолхоҳиро дар афкор ва шуури ҷомеъа, ба хусус дар ҷавонон таҳрик дода, ҳисси ифтихор ва масъулиятшиносиро бедор созад. То ин, ки ҷавонони саодатёр тавонанд ба қадри Истиқлолияти давлат ва субботу оромии кишвар бирасанд, ки каломи ҷонбахши Пешвои миллат низ бар тақвияти ин гуфтаҳост: «Мо бояд аз Истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем онро сидқан дӯст дорем ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем». Дар партави иқдомҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат бастаанд, ки ин ҷараён то кунун дар тамоми гӯшаву канори мамлакат босуръат идома дорад. Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон доданд, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаи навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Имрӯзҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосса аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушду нумуи онҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқи як қатор барнома ва стратегияҳои давлати таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки ҷанбаҳои гуногун фаъолияти занонро фаро гирифта, ҳамин тариқ бо боварии комил метавон гуфт, ки модарону бонувони арҷманди мо баҳри ободии кишвари азизамон, баҳри оромии ҷомеъа ва баҳри пешрафти давлати соҳибистиқлоли тоҷик нақши пурарзиш мегузоранд. Ин ҳама дастгириҳои хусусан занону модаронро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдори мавқеъи фаъол ва устувории шаҳрванди дошта, содиқона дар амали намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳур Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.

Ш. Азамзода, Мудири бахши бойгонии мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.