Истиқлолият- ҷавҳари бебаҳост

Шукри истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем.

 

   АНДЕША: Истиқлолтяти давлатӣ волотарин дастовард ва падидаи сиёсӣ дар таърихи навини тоҷикон ба шумор рафта, оғозҳо, эҳёи нави ин мамлакати тамаддун ва рушди аҷдодӣ мебошад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардани нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни бузурги тақдирсози миллатамон 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҳар як пиру барно, ки дар давоми ҳамагӣ сиву яксоли соҳибистиқлолии давлату Ҳукумати Тоҷикистони азизи мо ба пешравиҳои назарраси ҷаҳонӣ ноил гардидааст. Баъди ҳазорсолаҳо ба тоҷикон соҳибистиқлолиятӣ муяссар гардид ва ҳар шахси соҳибмаърифат бояд ва қиммати онро дарк намояд. Истиқлолият ба мо имконият медиҳад, ки як порча замини аҷдодии худро бо ихтиёр дошта, онро ободу зебо гардонем, соҳибӣ кунем, тавонем, ки дар арсаи байналмилалӣ аз номи давлату сарзамини худ сухан гӯем, худро муаррифӣ кунем тавонем, ки ба сарзамини худ, ҳамчун хонадони худ, дӯстони буруниро даъват карда, ба расму оинҳои худ ошно созем, ҳамчун ворисон забон, тамаддун, урфу одати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, худро соҳибдавлату соҳибтамаддун нишон диҳем. Мумкин нафароне бошанд, ки ҳоло ҳам маънову муҳтавои Истиқлолияти давлатиро бо тамоми ҳастияш дарк накунанд ва дар ҳар як раванди сиёсию иҷтимоии кишвар камбудиву норасогиро дида, ҳисси нобовариву нофаҳмӣ зоҳир намоянд. Вале бо сад боварии комил гуфта метавонем, ки бо қадру қиммати хосса дарк карда, ифтихору сарбаландии худ медонанд. Дар он сурат хоҳ нохоҳ сурату сирати худододии абармарди миллати тоҷик, Сарвари тоҷикони олам - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назарҳо меояд. Чунки на ҳар як миллат метавонад бо доштани чунин роҳбари оқилу доно бифахрад. Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии худро хирадмандона пеш бурда, баҳри ободонии кишвари азиз тамоми воситаву роҳҳои сулҳофарину бунёдкориро истифода бурданд. Имрӯзҳо, мо тоҷикон бо як ифтихори баланди миллӣ Сарвари сулҳпарвари худро қадрдонӣ карда, шукрона мекунем, ки Худованд ба миллати садсолаҳо азияткашидаи тоҷик чунин роҳбарро ато намудааст. Биёед, ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ояндаи дурахшони маллату давлати азизамон дар бари Пешвои миллатамон рост истода, тамоми ғайратамонро барои ободии кишвар равона созем.

Бедимоғова Г, сокини ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.