Вокуниш: Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зӯроварӣ низ рӯ намегардонанд. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ мебошанд, ки барои ба даст овардани аҳдофи сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломиро халалдор сохта, кишварҳои исломиро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд. Ба ин маънӣ дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Далер Собиров Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён