Кӯшониён: Кумитаи тадорукоти МИҲД-и ноҳия, дар доираи чорабинии "Беҳтарин намунаи захиракорӣ дар оила", аз оилаҳои Ҷамоати деҳоти Заргар дидан намуданд

   Санаи 11 августи соли 2022, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон санаи 24 феврали соли 2022, дар шаҳри Бохтар ва 18 июни соли 2022,дар ноҳияи Данғара баён гардидаанд ва нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён таҳти унвони "Беҳтарин захиракорӣ дар оила" гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Дилафрӯз Шукруллозода ва роҳбарони соҳаи иҷтимоиёти ноҳия, аз оилаҳои Қурбоновҳо деҳаи Қизил Партизон, Қулов Музаффар деҳаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Муродов Мирзо деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Заргар дидан намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ҳамаи ин оилаҳо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиву ёрирасон, маърифатӣ захиранамоиӣ маҳсулоти донагӣ, консервакунонӣ, мевахушкунӣ, сабзавот, тарзи ҷобаҷогузорӣ ва захиранамоии маҳсулот дар анборҳо барои фасли зимистон дуруст ба роҳ монда шудааст. Гурӯҳи ба масъулияти баландӣ ин оилаҳо, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, ҳамчун намунаи ибрат арзёбӣ гардиданд.

20220811_094132.jpg 20220811_094830.jpg 20220811_100827.jpg 20220811_101345.jpg 20220811_101411.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.