Имрӯз 29 августи соли 2022, тибқи нақшаи Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохурии намояндагони ин ниҳоди муҳими давлатӣ Одинамаҳмадзода Парвиз ва Сафарзода Сиёвуш бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Сараввал, раиси ноҳия меҳмонони гиромиро муаррифӣ намуда, ташрифи онҳоро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша барои ҳамкории дуҷониба омода буда, баҳри пешгири ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар ин самт тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Сипас сухан ба намояндаи Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Одинамаҳмадзода Парвиз дода шуд. Мавсуф дар суханронии худ пеш аз ҳама барои ташкили ҷамъомад миннатдории худро ба роҳбарияти ноҳия баён намуда қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ин вохуриҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бобати муқовимат бо коррупсия арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, вобаста қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ин самт ва амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коруппсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030” сухан ронда шуд. Парвиз Одинамаҳмадзода, инчунин қайд намуд, ки мубориза бо ин падидаи номатлуб вазифаи танҳо мақомоти Агенти набуда, бояд дар ин самт ҳама ниҳодҳои давлатӣ ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд. Дар охир раиси ноҳия ба меҳмонон ҷиҳати баргузор намудани чунин вохурии муҳим миннатдории хешро баён намуда, тамоми фаъолони ноҳияро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва бурдани корҳои фахмондадиҳӣ дар ин самт тамоми чораҳои зарури андешида шавад.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён