Андеша: Истиқлолияти давлатӣ рамзи пойдории ҳар як миллат аст. Ба истиқлолият расидани кишвари маҳбубамон натиҷаи заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат буда, давлатдории тоҷикон ифтихор аз таъриху фарҳанг, тарғибгари андешаи миллӣ, дарки масъулияти баланд барои ҳаёти созанда, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва ифодакунандаи мақсаду мароми халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Истиқлоли миллӣ ифтихори миллат аст ва ин падидаи нодир дар сарнавишти миллати тоҷик таърихи навро ба вуҷуд овард ва ба оғози марҳилаи нави давлатдорӣ заминаи воқеӣ гузошт. Насли даврони истиқлол нағз медонанд, ки ин неъмати бебаҳо нишони озодӣ, рамзи саодат ва асоси бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлат аст. Истиқлолият барои миллати шарафманди тоҷик шароити мусоид фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи худро дуруст интихоб намояд ва ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ роҳ пеш гирад. Даврони соҳибистиқлолӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯхта, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Дар остонаи санаи мубораки 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, таъкид кардан бамаврид аст, ки маҳз рӯҳияи созанда ва ободгаронаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон буд, ки кишвари мо имрӯз ба сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, дастовардҳои беназири сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию истеҳсолӣ ва илмию фарҳангӣ ноил гардидааст. Мо, насли даврони Истиқлол бояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро карда, бо меҳнату заҳмати созандаву бунёдкорона дар пешрафту тараққиёти Ватани маҳбуб саҳми арзандаи худро гузорем ва онро чун дурри гаронбаҳо ҳифз намоем.
Манучеҳр Бобомуродов корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён