ИСТИҚЛОЛИЯТ – ҚУЛЛАИ УМЕДҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

     Андеша: Истиқлолият ин неъмати бузурги Худованд баробари насиби миллати мо гаштан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву сарбаландиро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз эҳдо намудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлол бо максади ифодаи азму иродаи мардуми кишвар таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкори ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандўстиву худшиносӣ дар ҷомеъа мавқеъи сазовори худро пайдо намуд. Мардуми кишвар имрӯз бо фараҳу шодӣ истиқбол аз ҷашни Истиқлол доранд. Воқеан ҳам Истиқлолият неъмати бебаҳое аст, ки барои ҳар халқу миллат насиб нагардидааст. Дар кураи замин зиёда аз 3,5 ҳазор халқияту милате ҳаст, ки аз ин шумора, давлатҳои соҳибистиқлолро ба 220 ва ё 250 медонанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, бисере аз халқу милатҳо дар орзӯи ин неъмати бебаҳо “Итиқлолият” мебошанд. Хушбахтона тули 31 сол мешавад, ки миллати тоҷик бо назардошти мушкилотҳои пай дар пай тавониста истодааст, ки Ҳукумати худро дар сарзамини аҷдодияш нигоҳ дорад. Халқи меҳанқарину инсондусти тоҷик Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳон зери сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва машҳур сохтаанд. Чун шоири Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Косим бисёр хуб қайд кардааст: Раҳонди аз ҳалокат ҷисму ҷони Тоҷикистонро, Ба паҳнои ҷаҳон бурдӣ ҷаҳони Тоҷикистонро. Ниёзу рози миллатро ба минбарҳо баровардӣ, Кушодӣ дар ҳама минбар забони Тоҷикистонро... Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони солҳои 90-ум ба куллӣ фарқ мекунад. Имрузҳо ба ҳама маълум аст, ки шароити зиндагии мардум дар ҳама соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ беҳтар гардида бо нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, миллати тоҷик дар оянда бо беҳтарин дастовардҳо ноил мегардад. Хар як нафар бояд вокеъбинона назар кунад, донад ва хулосабарорӣ кунад, ки дар солҳои 90-ум ҳангоми ҷанги шаҳорвандӣ мардуми тоҷик аз чиҳати иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ чи қадар зарари калон дида буд. Хатто ба чунин мушкилоти вазнине гирифтор шуда буд, ки оддӣ карда гуем мардум ба як бурида нон зор буд, ҳатто ҳолатҳое ба назар мерасид, ки қисме аз мардум нони бо заҳмат ба даст овардаашро аз барои раҳоии ҷони хеш, аз падару модар ва наздикон ба пинҳонӣ мехурданд. Имруз чӣ? Шукри Худованд, ки дар ҳар як хонаи тоҷик ва тоҷикистонӣ неъматҳо фаровон аст. Бо дастгирӣ ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи тоҷик шароит фароҳам овардааст. Барои боз хубтару беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум бо талошҳои дастаҷамъӣ ва меҳнатдӯстии халқи азизамон метавонем сатҳи зиндагиро беҳтару хубтар намоем. Дар ҷаҳони пуртазвир ва пурпеч ҳар лаҳза бо чашми сар мебинем, миллате ва ё давлатеро ба доми нооромию парокандагӣ мекашанд, моро зарур аст, зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари кишвар карор гирифта, ки дар ҳар як мулоқоту вохуриҳояшон бо мардум пайваста таъкид менамоянд, ки “Ҳамеша ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ҳама ҳолат пайи омузиши илм ва касбу кори гуногун бошем, бо якдигар меҳрубон будан ва як фарде, ки барои кори хайре, ободкорие ва ё ба хизмати давлату миллат камари ҳиммат бастааст, дастгирӣ карданро фаромӯш насозем”. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунад, ки Истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар хаёти хар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти мухимтарини зиндагии шоистаи хар як фарди Ватан мебошад. Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди кишвар ва кулли ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ҷашни озодиву соҳибихтиёри ватани маҳбубамон самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо хушбахтиву файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоем.

Асроров Саидшо-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.