АНДЕША: Истиқлолият пойдевори асосии ҳар як давлату миллат мебошад. 9 сентябри соли 1991 халқи тоҷик соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид, ки он дар сарнавишти мардуми кишварамон нақши тақдирсоз дорад. Истиқлолият барои ҳар як давлат зарур аст, ҳар як давлату миллат мехоҳад, ки соҳиби истиқлолият буда, озоду соҳибихтиёр ва мустақил бошад. Ана ҳамин соҳибистиқлолӣ ба кулли ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ қариб, ки баробар муяссар гардид. Тоҷикон ҳам соҳиби Истиқлолият гаштанд, вале дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари моро қувваҳои аҳриманӣ хостанд, ки ба дасти худ гиранд. Фазои сулҳу ороми кишвари моро оташи ҷанги бародаркуш фаро гирифт. Дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷанг аланга зада, хостанд, ки Тоҷикистонро ба пораҳо қисмат кунанд ва давлати ҷавонро аз байн бубаранд. Ин ҷанги фитнаангез бо ёрии хоҷагони хориҷӣ ва кӯтоҳандешони миллат тарҳрезӣ гардида, хисороти азимеро ба сари фарзандони тоҷик ба миён оварданд. Ҳазорон нафар одамони бегуноҳ ба хун оғӯшта гардиданд, кӯдакон ятиму бепарастор гаштанд. Чӣ қадарҳо хонаву дари одамони бегуноҳ сӯхта ба хок яксон шуданд ва чӣ қадар мардум ғарибу бенаво гашта, дар мулкҳои бегона фирорӣ шуданд. Хушбахтона, Худованди меҳрубон ба сари миллати тоҷик абармардеро туҳфаи тақдир овард, ки тоҷиконро аз фалокати нестӣ эмин дошт. Фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 дар Сессияи ХVI Шӯрои Олӣ барои наҷоти давлату миллат ва Истиқлолият ба майдони сиёсат омад. Дар лаҳзаҳои ниҳоят душвор ва вазнину сангин ин шахси баору номус, матинирода, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту меҳанпараст тақдири миллати хешро ба даст гирифт. Он вақт иқтисодиёти кишвар тамоман фалаҷ гаштаву мардум ташнаи сулҳ ва барои як бурида нон зор буданд. Муҳосираи иқтисодӣ тамоми ҷумҳуриро фаро гирифта буд. Эмомалӣ Раҳмон–ин ном барои халқи тоҷик дар ана ҳамон солҳои аввали Истиқлолият, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва паёмадҳои номатлуб азизу гиромӣ гашт. Дар он рӯзгорони талх, лаҳзаҳои тақдирсоз ва ноороми кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси ватандӯсту мубориз дар майдонҳои ҳарбу зарб барои миллат гомҳои устувор ва нахустини худро гузошт. Бо ташаббус ва заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ, ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва дарки баланди масъулиятшиносӣ бо мухолифин суҳбату музокираҳои чандинкарата баргузор намуд. Ҷон дар каф гирифта, дар кишварҳои бегона, аз байни оташу об гузашта, Ваҳдати миллиро асос гузошт, гурезагонро ба Ватани аслии хеш баргардонид ва миллатро аз парокандагӣ наҷот дод. Ҳамин тавр, паи ҳам ободиву пешравӣ ва умед ба фардои Ватан танинандоз гардид. 6 ноябри соли 1994 мо соҳиби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштем, ки ин Конститутсия дар қатори Конститутсияҳои кишварҳои мутамаддини ҷаҳон дар ҷои намоён меистад. Ҳамзамон, санаи 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин ҳизб зодаи Истиқлолият буда, дар пешрафту тараққиёти ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мақоми арзанда дорад. Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар назаррас аст. Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ватани биҳиштосои мо Тоҷикистон гул-гул шукуфта, ба яке аз кишварҳои пешқадам табдил ёфтааст. Пешвои миллат дар рушду нумуи кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши бориз дорад. Бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2009 Соли бузургдошти Имоми Аъзам қайд карда шуд. Ин ҷашнвора ва арҷгузорӣ ба мазҳаби Имоми Аъзам дар дили оламиён, алалхусус тарафдорони дини ислом бори дигар исбот намуд, ки тоҷикон ба дини ислом чи муносибате доранд. Ҳазорон солҳост, ки дар ҳар як хонадони тоҷик тоату ибодат ва намозу рӯза ҷой ва мақоми худро дорад. Дар даврони Истиқлолият забони давлатии мо забони тоҷикӣ пеш рафт ва ҳамчун забони илму маърифат, забони давлату миллат рушду нумуъ намуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо маротиба аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар давлатҳои дӯсту ҳамсоя бо ин забон суханронӣ намуд. Забони шевою гуворои тоҷикӣ аз забони Президенти кишвар бо лаҳни зебо ва ноби тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда шуд ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 180 давлати дунё тоҷиконро шинохта пазируфтанд. Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари мутамиддин боло бардошт. Давра ба давра ва сол то сол диёри зебои мо Тоҷикистон чи аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ рушд ёфта, пеш рафта истодааст. 31 сол дар таърихи давлатдорӣ чандон соли тӯлонӣ нест. Вале он дастоварду пешрафт, рушду нумуъ ва навгониҳое, ки дар Ватани мо ба вуқуъ пайвастааст, гӯё 31 солаҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Мо ифтихор дорем аз Пешвои миллати хеш, аз чунин давлату давлатдорӣ, ки дар муддати на чандон зиёд ба як кишвари ободу зебо ва пешрафтаву тараққикарда омада расидем. Пешвои миллат зимни баромадҳои хеш қайд намудаанд, ки «Ҳамеша омода будан барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, марзу буми Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қарз, масъулият ва вазифаи ҳар кадоми мову шумост». Биноҳои обод, роҳҳои пайвандгари марзу бум, нақбҳои убури бехатар, бунёди мактабу муассисаҳои олӣ, дастовардҳои назаррас дар соҳаи энергетика, озуқаворӣ, тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг–ҳамаи ин самараи неки Истиқлолият мебошад. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таъкид намудаанд: «Мақсади асосии мо–тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад. Маҳз тавассути таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ дар давраи гузариш мо метавонем рушди устувори иқтисодиёти кишварро таъмин намоем». Пешвои миллати мо дили бузург ва маърифати бениҳоят баланди инсондӯстона доранд. Дар ҳар як вохӯриву мулоқотҳояшон бо хурду бузурги кишвар ҳамсуҳбат мешавад, ҳамеша дар байни мардум ҳастанд, ки ин нишонаи баланди инсонист. Ба ятимону бепарасторон, бенавоён аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Имрӯз ба ин тоифа одамон дари хонаи ятимон, бепарасторон кушода аст ва дар он садҳо нафар аз тарафи давлати соҳибистиқлол нигаҳбонӣ карда мешавад. Чунин ғамхорӣ дар ҳаққи ин табақаи ҷомеа танҳо дар замони Истиқлолият бо роҳбарии Пешвои миллат зоҳир гардид. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 31 сола мегардад. Ин ҷашни фархундаи давлату миллат аст. Ҳар яки мо соҳибватанони ин марзу бум баҳри пояндагиву рушду нумуъ ва ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳиссаи босазои худро мегузорем. Бигзор дар самои нилгуни ин меҳани азиз ҳамеша кабӯтарон дар парвоз бошанд, сулҳу Ваҳдати миллӣ поянда ва офтоб бо нурҳои заррини худ нурпошӣ намояд. Истиқлолият барои мардуми сулҳдӯсту меҳанпарасти мо поянда бод !
Ҳакимзода М.Ш. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён