Вокуниш: Дар як қатор давлатҳои ҷаҳон то ҳанӯз ҷангҳои харобиовар идома дошта, оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои экстремистӣ дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон шудааст. Ҳамасола, чандин нафароне ёфт мешаванд, ки барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои экстремистӣ боздошт мегарданд. Кишвари мо аз назари демографӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва теъдоди бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳаводиси солҳои охир нишон доданд, ки ҷавонон яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва дар бисёр ҳолатҳо ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. Як қисми ҷавонон аз ноогоҳию бефаҳмӣ ба сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ пайваста, як қисми дигар бо сабабҳои гуногун мубталои ин вабои аср мегарданд. Дар бисёр ҳолатҳо ҷавонон дар бораи ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ маълумот надоранд. Яке аз воситаҳои маъмули таъсиррасони шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ ба руҳияи ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд менамоянд. Ҷавонону наврасон набояд фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро шуда, ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд. Имрӯзҳо хоинони Ватан ва миллат мехоҳанд, ки кишвари моро ноором созанд. Мардуми тоҷик як маротиба шаҳди бесарусомониҳоро чашидаанд ва дигар ба фикру ақидаҳои иғвоангезонаи хоинони миллат эътибор намедиҳанд. Ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ки ин нохалафони дар хориҷа истода мехоҳанд онҳоро гумроҳ намуда, ба доми фиреби худ кашанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба чӣ қадар дастовардҳои назаррас ноил гардида, ватанамон ободу зебо шуда истодааст. Ҳамаи ин пешрафту шукуфоӣ ба шарофати пойдории сулҳу ваҳдат ба даст омадааст. Дӯстиву ҳамдилӣ моро ба чунин як давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ оварда расонидааст. Мо бояд ҳамеша кӯшиш кунем, ки сулҳу субот пойдор ва ваҳдату ҳамдилӣ устувор бошад.
Манучеҳр Бобомуродов, мудири шуъбаи молия - сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён