ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МАКТАБИ МАРДОНАГИСТ

     Андеша: Ҷавонон нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишварамон маҳсуб меёбанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон пешрафта, имрӯз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ беҳтар гардида, дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Яке аз масъалаҳои муҳими ҷавонон хизмат дар сафи Артиши миллӣ мебошад. Муҳофизати Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди комилҳуқуқи Тоҷикистон аст. Таъмини амнияти саросарии кишвар, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба эътидол овардани вазъи дохилии мамлакат, пуштибони аз сулҳу амният ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд маҳз ба хизмати софдилонаю ватандӯстонаи ҷавонони мо вобастагии калон дорад. Артиши миллии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои асоси ва муҳимтарини муташаккил буда, асоситарин пояи давлату миллати тоҷикон мебошад. Ин мақоми ҳарбӣ аз ибтидо то ин ҷониб собит намудааст, ки дар иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи худ устувор аст. Маҳз хизмати содиқонаи ҳомиёни кишвар аст,ки имрӯз мо сокинон ва шаҳрвандон дпр фазои осоишта ва Ваҳдати миллӣ фаъолият дорем. Ҳар як ҷавон бояд андеша ва дарк намояд, ки ин мактаби мардонагиро бояд гузашт, зеро номуси ватандорӣ аз ҳифзи Модар-Ватан оғоз мегардад. Таъмини ҳифзи амният ва марзу буми Ватан аз муқаддасот ва вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди сарзамин аст. Дар шароити имрӯза Кувваҳои Мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони худогоҳу ватанпарвар, солиму аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта, забондону соҳибихтисос ва дорои малакаи баланди касбӣ ниёз дорад.Чавонон бояд аз тараққиёти илму техника ва технологияи муосир бо хабар ва ба ҳама мушкилиҳо тобовар бошанд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ мо бештар ба ҷавонон дарси ватандӯстӣ, шуҷоату мардонагӣ ва одобу ахлоқ омӯзонда, ба хизмати Ватан омода созем. Ҳар як ҷавонмарди бо нангу номуси миллати тоҷик хубю медонад, ки мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ ин хизмат дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон аст. Хизмати содиқона кардан ба Ватан-Модар, ҳифз намудани марзу буми он ва ҳушёр будан дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бо нангу номус ва далеру қавиирода мебошад. Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод нахоҳад кард. Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир сафи ҷавонони ихтиёрӣ афзуда истодааст. Зимни маъракаҳои даъвати ҳарбӣ садҳо нафар ҷавонони далеру ватандӯст, бо нангу номус ва содиқу қавиирода ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар ҳозир мешаванд. Ифтихор дорем, аз он падару модарон ,ки фарзандони худро дар чунин нерӯи ватандӯстона тарбия намудаанд. Даъвати тирамоҳии хизмати ҳарбӣ низ фаро расида истодааст.Боварии комил дорем, ки ин навбат низ бо ташвиқу тарғиби падару модарон, калонсолон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо садҳо нафар ҷавонони ихтиёрӣ баҳри ҳимояи марзу буми Ватан-Модар камари ҳимат баста, дар қатори аввалинҳо ба хизмати ҳарбӣ мераванд.

Ҳакимзода М.Ш. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.