Ба ҷангу хунрези хотима дода шавад!

     Вокуниш: Чи тавре ки аз расонањои иттилоотӣ маълум гардид, рӯзҳои 14 ва 16 сентябри соли равон марзи сарҳадӣ аз ҷониби қирғизҳо тирборон карда шуд, ки дар натиҷа якчанд нафар захмӣ гардида, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Ин бори аввал нест, ки қирғизҳо барои марзу бум шуда, ба сари миллати тоҷик оташ мекушоянд. Борҳо доир ба ин масъала гуфтушунид карда оташбас эълон намуда бошанд ҳам, вале аз ҷониби қирғизҳо қонуншиканиҳо карда шуда, ҷангу хунрезиҳо такрор меёбанд. Чаро мардуми қирғиз даст ба ҷангу хунрези мезананд? Барои як порча замини миллатӣ дигаро аз худ кардан аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонанд. Мо мардуми сулҳпарвар, ҷангу ҷидолро намехоҳем. Барои мо ҳар як ваҷаб хоки заминамон азиз аст, онро ба ҳеҷ кас додан ҳам намехоҳем. Он заминҳое, ки қирғизҳо бо зӯри забт кардан мехоҳанд, замини аҷдодии тоҷикон аст ва тоҷикон марзу буми худро аз ҳама гуна хатарҳо муҳофизат менамоянд. Мардуми қирғиз ҳеҷ вақт бо зурӣ, бо макру ҳилла ва фиреб ба марзи мо соҳиб шуда наметавонад. Аз ин рӯ, бояд ба ин ҷангу хунрезии бемаънӣ хотима дода шавад, зеро ҳақ ба ҳақдор мерасад. Мо маорифчиёни ноҳияи Кӯшониён амали ноҷавонмардонаи сарҳадбонони қирғизро маҳкум менамоем ва ҳамеша омодаем марзу буми меҳанро ҳифз намоем.

Ҳ.Муҳидинов, мушовири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.