ВОКУНИШ: Мардуми Тоҷикистон ҳамавақт ба тавсири ҳамешагӣ, сиёсати сулҳхоҳонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарафдори ва пуштибонӣ намуда, барои пойдории он саъю талош мекунанд. Роҳи интихобкардаи мардуми тоҷик ин сулҳу амният, ободкорӣ, ваҳдату якдигарфаҳмии тамоми сокинони Тоҷикистон аст, ки ин роҳи аз санҷишгузашта ва ояндасози миллат мебошад. Сияҳкорону ифротгароён, ки аз хориҷи кишвар истода, рушду нумӯъ ва пешрафти Ватанамонро дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дида, ҳасуд хӯрда, мехоҳанд ба ҳар восита мардумро ба гумроҳӣ баранд. Дар сомонаи иҷтимои хонда будам, ки Аҳмадшоҳи Масъуд чунин гуфта буд: "Ман имрӯз Роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру туфанг барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад, атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо- афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем". Баъд аз хондани чунин сатрҳо инсонро як ҳиссиёти аҷибе фаро мегирад. Мо чаро ношукри аз чунин ватани тинҷу осуда мекунем? Нохалафон - беватанон аз ҳар куҷо истода ҳасуд хӯрда, мехоҳанд миллати тоҷикро паст зананд. Лекин мо бояд як мақсад дошта бошем, ки барои ҳаёти наслҳои ҳозира ва оянда ба ҷуз муҳофизат ва пойдор кардани сулҳ, ба ҷуз кашидани ҷилави қувваҳои таҷовузкор ва ҷангҷӯй олитар ва муҳимтар вазифае надошта бошем.
М.РАҲИМОВА, сарвари МТМУ-и ноҳияи Кӯшониён