АНДЕША: Аз қадимулайём миллати тоҷик ба ҳаққу ҳамсояҳо арҷ мегузорад. Ҳамсояи наздик ва хубро аз хеши дур беҳтар медонад. Дар давоми 1000-соли охир халқи тоҷик ба сари касе ханҷар накашидааст. Бо фалсафаи инсонпарварӣ ва ҳикмати фарогир башариятро тарбия кардааст. Ҳамчун миллати фарҳанги пешрафта бо пешниҳод кардани маҷмӯи қавонини тарбиявӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ном баровардааст. Таърих гувоҳ аст, ки Куруши Кабир баъди ишғол кардани Бобулистон барои муайян кардани муносибати байни миллатҳо ҳуҷҷатеро ба тасвиб расонид. Он дар таърих бо номи “Устувонаи Куруш” ёд мешавад. Аввалин санади таърихие аст, ки муносибати байни фарҳангҳо, оинҳо, халқҳоро муайян менамояд ва таҳияи эъломияи ҳуқуқи башарро баъд асос шудааст. Акнун месазад ёдовар шавем, ки дар китоби “Ҳудуд-ул-олам”, (асри х) қайди ҷолибе вомехӯрад. Дар ин минтақа тоҷикон ва қирғизҳо аз қадим дар ҳамсоягӣ умр ба сар мебурданд ва зиддияте дар байни онҳо дида намешуд. Ҳатто, равобити ин ду халқ ба дараҷае наздик буд, ки дар эпоси халқии қирғизҳо “Манас” муносибати хуби тоҷикон ва қирғизҳо зикр мешавад. Ҳатто ҳамсари қаҳрамони эпоси халқи қирғизҳо Манас тоҷикдухтар аст ва Хандонгул ном дорад. Ин далел аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тоҷикону қирғизҳо натанҳо ҳамсояанд, балки хешутаборӣ ҳам доранд. Дар Тоҷикистони имрӯза ҳам садҳо оилаеро метавон дарёфт, ки аз тоҷикону қирғизҳо ташкил ёфтанд. Аз ин рӯ, амалҳои ношоистае, ки дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯй дода истодаанд, амали дасти онҳоест, ки ба ин ду халқи дӯсту бародар душманӣ доранд. Бо ноором кардани минтақа мехоҳанд ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ созанд. Баҳри пешгирӣ кардани нооромӣ ва нофаҳмиҳо зарур аст, ки тарафҳо аз ақли солим кор бигиранд. Нагузоранд, ки дӯстии ин ду халқи қадими минтақа аз байн равад. Ва душманони умумии тоҷикону қирғизҳо табли шодӣ бизананд.Ба андешаи ин ҷониб қазияи баҳсноки марзӣ бояд сари мизи музокирот ҳал шавад, то ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Гуфтушунид ва ҳалли мусолиматомези масъала ва мустаҳкам кардани дӯсти байни ин ду халқ, ба рушди Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат хоҳад кард, кинаю қудрат ва душманиро аз байн хоҳад бурд.
Ба қавли устод Турсунзода
Дӯстиро ҷустуҷў дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Азимов А.А, мудири бахши фарҳанги мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Кӯшониён