Федерасияи Россия Ҳизби Наҳзати Исломиро ташкилотӣ террористӣ хонд

      АНДЕША: Таҳдиду хатарҳои гуногуни ҷаҳони муосир аз ҷумла фаъол гардидани ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гуруҳҳои муташаккили ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ ва ғайриқонунӣ, тағйирёбии иқлим, авҷ гирифтани бемориҳои сироятӣ ва ғайраҳо ба амнияти милливу давлатӣ, суботи томи сиёсию иҷтимоӣ ва Истиқлолияти кулли давлатҳо таъсир гузошта, руҳияи сокинони кураи сайёраро ба суйи фардои дурахшон ва рузгори босуботи ояндаро барои фарзандон зери суол мебарад? Намояндагони ТЭТ ҲН, ки дар кишварамон аз соли 2015 ва дар Федератсияи Россия аз 14 сентябри соли 2022 фаъолияташ террористи, мамнуь ва баста эълон гардид, ҷаҳд доранд, ки барои амали намудани барномаҳои таҳрезикардаи худ аз ВАО, шабакаҳои интернети ва саҳифаҳои гуногуни он истифода карда, доираи бинанда ва хонандаашро васеь намоянд. Ва бо ин усули фаъолият гуруҳӣ муайяни шаҳрвандонро дар доми худ қарор дода, бо роҳи фиреб ҳайати гуруҳи худро васеъ намояд. Роҳбари мамлакатамон ҳамеша таъкид менамоянд, ки хатару таҳдидҳо хеле печидаву ошкоро сурат гирифта, ячейкаҳои хурди махфии ташкилотҳои террористӣ дар ҳамаи минтақаҳои Осиёи Миёна ва дигар давлатҳои хурду бузурги ҷаҳон фаъолияти густурда доранд. Ин вазъият ҳар як сокини ин ё он минтақаи кишварро водор менамояд, ки бо эҳсоси баланди ватандӯсти ҳамеша ҳушёру бедор бошад! Воқеаҳои ахире, ки дар як қатор шаҳру навоҳии ВМКБ рух дод, мисоли равшани фаъолияти ячейкаҳои махфии террористӣ дар ин минтақа мебошад. Мақсади асосии ин ячейка ва гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки аз тарафи Созмонҳои бузурги террористӣ сарпарасти меёбанд, ноустувор намудани амният, заиф намудани пояи конститутсионии давлат, аз байн бурдани сохти ҷамъиятии мавҷудбуда, халал расонидан ба зиндагии осоиштаи сокинон ва дигар амалҳои хиёнаткорона ба шумор меравад. Фаъолияти махфии ячейкаи ташкилоти экстремистию террористи таҳти роҳбарии Улфатхоним Мамадшоева ва ҳамрохонаш Алим Шерзамонов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашев ва дигарон бо садҳо ҳазор маблағҳои сарпарастони хориҷӣ ҷавонони ноогоҳу камсаводро гумроҳ намуда, амалҳои хиёнаткоронаро анҷом доданд, ки он ба набарди хунин табдил ёфт. Бо далелҳо исбот гардид, ки ташкилкунандагони ин даҳшатафканиҳои террористӣ дар минтақаи Бадахшон ТЭТ ҲН мебошад. Воқеият аст, ки яке аз омилҳои ин бадбахтиҳо ва ба вуқуъ омадани ҳамоишҳои хунин аз камсаводӣ, нодонӣ ва дур будан аз илму маърифати гуруҳе аз ҷавонону занон ба ҳисоб меравад. Дар замони муосири зуд тағйирёбанда танҳо бо донишҳои мусаллахи замонавӣ, маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ, тафаккури милли ва эҳсоси амиқи ватандорӣ метавонем, ки бозичаи дасти доираҳои сиёсии хориҷи, намояндагони ТЭТ ҲН ва ё Паймони миллӣ нагардем ва бо ақидаҳои ифротиву ҷаҳолатпарастӣ, ки ба амнияти томи кишварамон халал ворид менамояд, муборизаи беамон барем!

Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.