Вокуниш: Хатарҳои ҷаҳони муосир терроризму экстремизм, истифодаи ғайри мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ, кибертерроризм, ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайри қонунӣ ва ғайраҳо домангири башарият гашта хатари ҷиддиро ба амният ва Истиқлолияти давлатҳо ба бор овардааст. Ингуна навъҳои ҳаракат ва фаъолият шакли маъмулии радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Инҳо сенарияи тарҳрезишуда аст, ки бо сарфи маблағҳои бузург, бо истифодаи ВАО, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҷойгиршавии маҳал роҳандозӣ мешаванд. Воқеаҳои Рӯшон ва Хоруғи ВАБК, ки дар моҳи май ба миён омада буданд, мисоли равшани он мебошад. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Созмонҳои байналхалқии террористӣ бо мақсади муташаниҷ намудани амният, зарба задан ба пояи конститутсионӣ ва халал расонидан ба зиндагии осоишта амалҳои хиёнаткорона содир намуданд. Дар ин амали тарҳрезишуда узви ташкилоти экстремистию террористӣ Алим Шерзамонов, пайравонаш Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева ва дигарон бо садҳо ҳазор маблағҳои сарпарастони хориҷӣ ҷавонони ноогоҳу камсаводро гумроҳ намуда, амалҳои хиёнаткоронаро анҷом доданд, ки он ба набарди хунин табдил ёфт. Дар натиҷа 24-нафар дар Рӯшон кушта шуда 120-нафар ҷавонони гумроҳ дастгир шуданд ва аз онҳо ба миқдори хеле зиёд автомат, пулимиёт, пистолет ва гранат мусодира гардид. Дар ҳақиқат исбот гардид, ки ташкилкунандагони ин даҳшатафканиҳои террористӣ дар моҳҳои май ва июни соли 2022 дар минтақаи Бадахшон ТЭТ ҲНИ мебошад. Ташкилоти мазкур маблағгузорӣ ва амали намудани муқовиматҳои мусаллаҳонаро ба уҳда дошт ва тарҳрезӣ намуд. Бояд қайд намуд, ки яке аз омилҳои ин бадбахтиву ҳодисаҳои вазнин, ҷангу куштор маҳз камсаводӣ, нодонӣ ва дурӣ аз илму маърифат аст. Маҳз бо донишҳои баланди замонавӣ тақвият бахшидани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, дӯст доштани ватану меҳан, балан бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ мо метавонем аз ақидаҳои ифротӣ ва ҷаҳолат баргардем. Читавре, ки огаҳӣ дорем Суди Олии Федератсияи Россия 14-уми сентябри соли 2022 фаъолияти чандинсолаи ҲНИ-ро таҳлил намуда, онро ташкилоти террористӣ эълон карда фаъолияти ин ҳизбро дар ҳудуди Россия манъ намуд. ТЭТ ҲНИ вақтҳои охир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Россия низ дахолат мекард ва таҳдидҳо низ эҳсос мегардиданд, ки ниҳодҳои қудратии ин кишварро ба ташвиш оварда буд. Ин ҳукми содир шуда нисбати фаъолияти ТЭТ ҲНИ одилонаву саривақтӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамеша ба муқобили терроризму экстремизм мубориза мебарад ва дар сафи пеш қарор дорад. Аз ҷумла барои муқовимат бар зиди ин вабои аср санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ аз қабили «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2006-2020» қабул гардида корҳои зиёде дар ин самт ба сомон расонида мешаванд. Айни замон дар кишварамон ба Конфронси Душанбе оид ба мубориза бо терроризм омодагӣ дида истодаанд. Рӯзҳои 18-19-уми октябри соли 2022 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баргузор мегардад. Баргузории чунин чорабиниҳои муҳиму саривақтӣ ба мубориза бо терроризм моро ҳушдор медиҳад, ки дар атрофи Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид гашта, ватанамонро ободу пешрафта намуда, аз таҳдиду хатарҳои муосир ҳимоя намоем.
Ҳакимзода М.Ш. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён