АНДЕША: Мардуми Тоҷикистони сулҳдӯсту сулҳпарвар ҳамавақт ва ба тавсири ҳамешагии сиёсати сулҳхоҳонаи Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарафдори ва пуштибонӣ намуда, барои пойдории он саъю талош меварзанд. Боиси кайд аст, ки ташкилотҳои террористию экстремистиӣ, ки Ҳизби мамнуъшуда ҲНИ эълон шудаанд, мехоҳанд бо ҳар восита махсусан сайтҳои интернети фазои кишвари ободу осудаи моро вайрон созанд. Албатта дар ҷамъият ҳар гуна одамон ҳастанд. Ҳизби мамнуъшуда мехоҳанд тарафдорони худро пайдо карда сулҳу субот, оромиши ҷомеа, ки василаи асосии пешбурди зиндагии мардум аст, халал ворид созанд. Сад бор тираш хато рафт, ба ҳадаф нарасид ва иншааллоҳ намерасад. Аз тамоми минбарҳои дунё, ки баромадҳои пучу бемаъни кунанд, ҳам тарафдорони худро пайдо карда наметавонанд. Агар дилу нияти онҳо пок мешуд, ақаллан ҷой ва ё макони аниқ медоштанд. Сияҳкорону ифротгароён аз хориҷи кишвар истода, ба рушду нумӯъ ва амну амниятии мо ҳасуд мебаранд. Дар ҳаққи мардуми мо ҳарфҳои носазо мезананд. Таърих гувоҳ аст, ки ибтидои солҳои навадум бо гуноҳи як гурӯҳ дасисабозон махсусан ТЭТ ҲНИ мардум ба ғарибию бенавоӣ ва беватани мубтало гардида, азобу шиканҷаи зиёд кашиданд. Ҳама ин нобасомониҳо бо сабаби аъзоёни ҳизби назҳати ислом шуда буданд. Онҳо шахсони носолими ҷомеа ҳастанд. Бинобар ин зиракии сиёсии худро аз даст надода, барои ободии ин кишвар ва сиёсати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷидду ҷаҳд намудан лозим аст.
Матлюба Раҳимова сарври МТМУ-и №1 ноҳияи Кӯшониён