ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ИФТИХОР ВА ҶАСОРАТИ БУЗУРГ АСТ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар деҳаҳои Обшорон, Ҳаёти нав, Зафар ва Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати деҳоти Заргар аз тарафи гурӯҳӣ корӣ сармуҳаррири рӯзномаи "Кӯшониён" Фарҳод Маҳмудов ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Саидшо Асроров бо сокинон вохӯриҳо баргузор карда шуданд. Ҳадаф аз баргузории ин ҷамъомадҳо, бори дигар расонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири намудани гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву терористӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва дар рӯҳияи Ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон мебошад.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён