МОҲИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ

      АНДЕША: Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд. Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”. Дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард. Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад. Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон бо дарназардошти беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии аҳли ҷомеа як силсила қарору фармонҳо қабул кард. Афви умумӣ, ҷамъоварии силоҳ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо хӯрокворӣ, пеш аз ҳама орду равған, зиёд намудани маош, мустаҳкам шудани муносибатҳои ҷумҳурии мо бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҳаллу фасли худро меёфтанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аслан аз байн рафта буданд, барқарор карда шуданд. Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода М. Ш

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.