Андеша: Мо дар арафаи таҷлили ҷашни бошукуҳ 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бояд зикр кард, ки ҷиҳати мустаҳкам гардидани Истиқлолияти давлатӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Қаҳрамони Тоҷикистон дар муддати начандон тулонӣ тавонист дар мамлакат сулҳу суботро барқарор карда, қариб 1 миллион нафар фирориёнро аз хоки Афғонистон ва кишварҳои дигар ба Ватан баргардонад. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои зиёд 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи мухолифи тоҷик шартномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин санад ҳамчун ҷашни созандагию бунёдкорӣ, сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ ҳамасола дар кишварамон таҷлил мегардад. Имрӯз оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ сухан ронда, бояд қайд намуд, ки муваффақ шудан ба ӣризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии қарорҳои ҳамин Иҷлосия ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, руҳияи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои Ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътимоди мардуми диёр, аз ҷумла гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Сарвари давлат аз омилҳое, буданд, ки ба амалӣ гардидани нақшҳои Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудаанд. Мо, Тоҷикистониён сарбаландем, ки дар роҳи муайянкардаи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ бо роҳнамоии Президенти мамлакат қадамҳои устувор гузошта истодаем. Бунёди роҳҳои мошингарди Бохтар-Кӯлоб, Душанбе-Нуробод-Рашт-Саритош, Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Шар-шар, Чормағзак, нерӯгоҳҳои барқии обии Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 ва ғайра шаҳодати бунёдкорӣ ва созандагии халқ ва Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки аз Иҷлосияи номбурда сарчашма мегирад. Дар ҳақиқат Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ оғози Сулҳу Ваҳдати мардуми тоҷик буд. Ҳақ ба ҷониби онҳост, ки Иҷлосияро Иҷлосияи сарнавиштсоз ва тақдирсоз меноманд. Маҳз бо шарофати ин марди фидоӣ мо на танҳо ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кардем, балки миллати куҳанбунёди тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ бори дигар муаррифӣ намудем.
Нурализода Малика Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён