ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ПОЯГУЗОРИ МИЛЛАТИ ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИЁН АСТ

    Андеша: Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва коста шудани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддат ба кишвари тинҷу ороми мо вазъи нохуб ва низои дохилиро миёни мардум ба бор овард, ки ин ба қишрҳои гуногуни ҷомеа хисороти зиёдеро ба вуқуъ пайваст. Баъзе аз ҳамватанони мо аз манзилҳои истиқоматии худ маҳрум гашта, қисми зиёдашон қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Алангаи оташи ҷангу низоъҳои хунин дар миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонии садҳо ҳазор шаҳрвандон гардида, як порчаи мамлакат ва пойдории давлату миллатро қариб, ки ба нестӣ расонида буд. Вазъият аз он сабаб печидаву мураккаб гашта буд, ки сохтори асосии ҳокимияти давлатӣ ба пуррагӣ фалаҷ гардида буд. Вале бо вуҷуди ин ҳама парокандагиҳо, нооромиҳо шуълаи умед дар дили мадуми сулҳхоҳу-сулҳпарвар лаҳзае хомӯш намегирифт. Ин фоҷиаи гарон дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун саҳифаи фаромӯшнашуданӣ ва ҳузнангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад. Омилҳои асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии ин мардум вобаста аст. Маҳз хидмати беғаразонаи шахсиятҳои фидоии ҷумҳурӣ вазъро дар монотиқи буҳронӣ тадриҷан муътадил сохта, ба эҷоди давлатдории миллӣ, тафоҳуми фарҳангӣ ва сиёсӣ сабаб гардид. Имрӯзҳо бо гузашти 30- сол бо возеҳияти комил гуфтан мумкин аст, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати тоҷик нақши басо муҳимеро бозида, ҳақиқатан ҳам тақдирсоз ва таърихи умуми ҷаҳонӣ дорад. Зеро маҳз дар ин иҷлосия ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ боз дошта, ҳукумати қонунӣ барқарор карда шуд. Ба пойдевори сулҳу салоҳ асос гузошту инкишофи хоҷагии халқро барқарор намуд. Бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард. Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Бузургтарин шахсиятро, ки солҳои тулонӣ бевосита дар самти сиёсати давлатӣ, сохтмон, таҳким ва рушди давлатдории миллӣ хидмати бедареғ кардааст, дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан мумкин аст. Дар Иҷлосия ба раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати сардори давлат дода шуд. Ба ӯҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон вогузор гардид. Хулоса, давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъолияти худро аз Оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид. Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Воқеан ҳам Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифони ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаро дар миёни миллати тоҷик ба даст оварданд. Тамоми нерӯву ғайрат ва ҳастияшонро барои ояндаи дурахшони ин Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизамон сарф намуданд. Танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар сар андешаи имрӯзу фардои нек, дар қалб розу ниёзи созандагӣ, дар лаб муноҷоту ниёиши озодманишӣ ва дар ният оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистаи моро мепарварад. Ин аст, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллоотӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Сатторова М.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.