НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

       АНДЕША: Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҷавонон, дар умум барои миллати тоҷик мояи ифтихору сарфарозӣ аст. Чунки маҳз дар ин рӯз фаъолияту талошҳо ва хизматҳои беназири таърихии Президенти кишварамон ва дастоварду муваффақияти корашон таҳлил ва баррасӣ карда мешавад. Аз ҷониби дигар, таҷлили Рӯзи Президент - ин арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудаст. Мактаби сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин аст, ки кулли бошандагони Тоҷикистон ва ҷаҳонро давра ба давра дарси садоқату мардонагӣ омӯхта, ҳамчунин омили муҳиме дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад: І.Пешвои миллат эҳёгари давлатдории тоҷикон аст. Баъди Иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992), ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барои миллати тоҷик таъин шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин интихоб буд, ки имрӯз миллат ба тамоми орзуву омолаш расид ва муҳим аз ҳама, сулҳу ваҳдат ба даст омад ва Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрати баландро касб намудааст. Боиси зикр аст, ки Президенти кишвар чун дигар сарони давлатҳо на дар кишвари орому обод ва тарақикарда, балки дар як мулки ҷангзадаи хароб, ки касе ҷуръати роҳбарияшро бар душ гирифтан надошт, ба сари қудрат омад ва дар як муддати кутоҳ тавонист мардумашро ба сулҳу сарҷамъӣ ва умед ба ояндаи нек намудан равона созад. ІІ.Пешвои миллат барои оби чашми ҳар сағир ва баҳри обрӯи ҳар як ҳамватан хешро масъул эълон намудааст. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки дар аввалин муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар гуфта буд, ки «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти нек агар лозим шавад, ҷонро фидо мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам боварӣ дорам». Ҳамватанони азиз! Дар он солҳои пурдаҳшат, ки аз нангу номуси миллат ҳарф мезад ва ин масъулияти сангинро ки ба душ мегирифт? Албатта аз роҳбарони он вақта нафаре ёфтан душвор аст, ки дар чунин фикрҳо бошад. Имрӯзҳо мо аз ҳар воқеаву ҳодисаҳо огоҳем, ки агар мушкилие пеш рӯи кор ояд, аксарият худро бетараф нишон дода ба роҳи худ мераванд. Аммо, Пешвои воқеии миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳи аввали роҳбариятш суханро аз нангу номуси ватандорӣ оғоз карда ҳидоятгари роҳи ободию осудагӣ ва эҳсоси масъулияти ватансозию ватандорӣ гардидааст. ІІІ.Пешвои миллат тавонист, ки дар дохил ба ҳама гуна низоъ ва душманӣ хотима бахшаду дар берун давлатеро бо номи Тоҷикистон сазовор муаррифӣ намояд. Президенти кишвар бо кордониву заҳматҳои шабонарузӣ ва талошҳои созандаи хеш тавонист ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро бо Ваҳдати миллӣ мубаддал созад. Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ҳамчун санади тақдирсоз миллати тоҷикро ба шароити сулҳу ваҳдат равона сохт. Ҳар фарди соҳибхирад имрӯз хуб дарк мекунад, ки Тоҷикистони мо тули ин солҳо бо роҳбарии Президенти худ дар тараққиёти ҳама соҳаҳо муваффақ гаштааст. Аксари муҳаққиқони илми таъриху сиёсатшиносӣ ба ин назаранд, ки таъмини сулҳу ваҳдат дар кишвар бузургтарин ва бебаҳотарин хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарзамини вайронаеро обод кардан осон аст, аммо мафкураи одамиро, ки дар ҷанг махсусан ҷанги дохили вайрон шудааст ба низом даровардан ва инсонҳоро ба суи росткорӣ ва ояндаи нек ҳидоят намудан бениҳоят кори душвор аст. ІV.Президенти кишвар, миллатро наҷот доду давлатдории миллиро таҳким бахшид. Шинохти кишвар бо сарсупурдагиҳову ҷоннисориҳояш муяссар шудааст. Бо ҷоннисориҳои Пешвои миллат ваҳдату оромӣ дар мамлакат таъмини гардида, тақдири ояндаи давлатдории тоҷикон мустаҳкам карда шуд. Агарчанде дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдати милати тоҷик мушкилиҳои зиёде пеш омада буданд, аммо ин марди бузурги таърих тавонист чун сиёсатмадори хирадманду фурӯтан онро бо усули беназир бартараф созад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор додаанд. V.Пешвои миллат, муаллифи барномаи нави ҷаҳонӣ – сулҳи тоҷикон аст, ки имрӯз олам эътирофаш кардааст1. Вобаста ба дилсӯзӣ ва талошҳову сулҳхоҳии Президенти кишвар собиқ вазири дифои Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд боре чунин изҳори ақида намуда буд: «Ман имрӯз Роҳбари давлати Шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери борони тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо дар ин солҳои ҷанг он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем». Дар баробари ин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин, собиқ раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Сзян Сзэмин, собиқ президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш, Собиқ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов ва дигар шахсиятҳои барҷаста аз ҷасорату мардонагӣ, кордониву хирадмандии Пешвои миллатро эътироф намуданд ва роҳҳои таъмини сулҳу суботи Ҷумҳурии Тоҷикистонро намунаи ибрат барои халқҳои ҷаҳон пешниҳод намудаанд. VІ.Пешвои миллат, марди замону ҷаҳон аст ва замониву ҷаҳонӣ андешидаву амал мекунад. Натанҳо баҳри зиндагии гуворову босуботи кишвари худ, балки берун аз он ҳам талош дорад, ба хотири ояндаи миллату пойдории давлати тоҷикон бо ҳама роҳи пайванд меҷӯяд. Далели ин гуфтаҳо муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 130 кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷониби 170 кишвари сайёра эътирофи расмии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, узвият дар 51 созмони бонуфузи байналхалқию минтақавӣ мебошад. Сар карда аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Пешвои миллат Асамблеяи генералии СММ 7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намудааст.Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмуъ рушди устувор, саҳми арзанда гузоштаанд. VІІ.Пешвои миллат, тоҷикони оламро ифтихори милливу тоҷик будан бахшид ва худ фахри соҳибдавлатии мову рамзи соҳибдории хосу оми кишвар гардидааст1. Ҷаҳониён кунун мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътироф намуда, онро дар адабиёти дарсии хеш ҷой додаанд баҳои ин ҳама заҳмату садоқату самимият аз ҷониби Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо сазовори ҷоизаи арҷманди ҷаҳонии «Пешвои асри 21» далели тозатарини ин аст. Мояи ифтихор ва хушнудист, ки дар остонаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ сурат гирифт ва дар ин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хидматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъмини сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ бо нахустин Нишони фахрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мукофотонида шуданд. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадҳояшон ба ҷавонон эътимод ва боварии худро изҳор медорад. Чуноне қайд намудааст, ки “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд”. Мо ҷавонон ҳама он дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳову корнамоиҳои Пешвои муаззами миллати худро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда, чун роҳбари шуҳратёри худ ҳамеша паи ободии ватани азизамон камари ҳиммат мебандем. Ва мегуем, Пешвои миллати азизи мо бо мосту мо бо ӯ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарвариаш сӯйи ояндаи озоду обод ва созандаву арзанда равон аст.

Саидшо Асроров, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.