Вокуниш: Хоинони нотавонбини миллати мо ба мисли Муҳиддин Кабириву Ҳусейн Ашӯрову Иқболу Салмону дигар асолатбохтагони кӯрнамак тинҷиву оромии Тоҷикистони азизи моро чашми дидан надоранд ва бо нотавонбинӣ, фитнаангезӣ, буҳтон ва дурӯғафканӣ мехоҳанд ба шуури созандаи мардум, хусусан ҷавонони саодатманди ин миллати куҳанбунёд, ки пайравони асилу воқеии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ворид шаванд ва бехабар аз онанд, ки тирашон кайҳо хок хӯрдааст. Касе ба суханони пучу бемаънӣ ва бебунёди онҳо гӯш намедиҳад. Онҳо худ дарк кардаанд, ки дигар ҳеҷ кас ҷонибдори суханҳои қолабиашон нест, вале ҳамоно аз ин мавқеи бешарафиашон истифода мебаранд. Имрӯзҳо ин мухолифон зери чатри хоҷагонашон дар кишварҳои аврупоӣ, дур аз ёру диёр, бо қалбҳои пур аз кину бағалҳои пур аз санги маломат бе ягон асноду асос ба ҷониби кишвари биҳиштосоямон, ки бо боду ҳавои пок, хиёбону гулгашт, шаҳру деҳу рустои обод, оби ҷонбахш ва гулу гиёҳи равонбахшаш қалби сайёҳону ҳар бинандаро мафтун намуда, сокинони Ватан аз ин туҳфаи Офаридагори олам фараҳманду шукри истиқлолиятро доранд, санги маломат мепартоянд. Ин пайравони шайтону аҳриманнажодон тинҷиву оромии Тоҷикистони азизи моро хуш надоранд ва мудом дар пайи бад кардани сиёсати Ҳукумати кишвар ҳастанд. Лекин, хоинони миллат ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд, тирашон мисли ҳарвақта “хок мехӯрад”! Боварии комил дорам, ки мардуми тоҷик, бахусус ҷавонон дигар фирефтаи ҳеҷ гуна дасисаҳо намегарданд ва намегузоранд, ки душманони берунаи давлату миллат ба мафкураи онҳо таъсир гузошта тавонанд. Фаромӯш набояд кард, ки ҳама вақт ва дар ҳама давру замон ақли созандаву солим бар ҷаҳолату нодонӣ пирӯз мешавад! Мардуми шарафманди тоҷик зери сиёсати оқилонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тинҷу осуда зиндагӣ карда, бо меҳнати созанда кишвари гулгуншукуфонамонро боз ҳам ободу зебо мегардонанд ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ободгарӣ умр ба сар мебаранд.
Манучеҳр Бобомуродов, мудири шуъбаи молия - сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён