ВОКУНИШ:Мо шаҳрвандони мамлакат шукр аз он дорем, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ дорем. Тоҷикон аз замони қадим ҳамчун халқи соҳибхирад ва маданиятпарвар ба шумор рафта таърихи кӯҳан доранд. Мардуми меҳанпарвар ва меҳнатдўсти мо имрўзҳо шукргузор аз он ҳастанд, ки дар замони истиқлолият ва дар сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки созандаю ободкор бошем. Тоҷикистони бузург имрўз дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои рангинаш мардуми бонангашро дар ҷаҳон машҳур гардонидааст. Сокиноне, ки дар чунин сарзамини биҳиштосо ҳамеша хушу хурсандона зиндагӣ ба сар мебаранд, ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки ба Ватан, миллат хиёнат намоянд. Вале афсўс, ки имрӯзҳо баъзе нафарон аз паст будани илм, маданият, фарҳанг, сиёсатӣ дин ва давлатро ба ҳамдигар пайванд намуда, аз тарафи хиёнатгарони давлатҳои хориҷии исломӣ, ки бар миллати хеш зарари худро мерасонанд ва ба воситаи шабакаҳои интернет мақсадҳои худро паҳн мекунад, ва бархе аз ҷавононро ба васитаи хайрату ҳавас ба ин гурўҳҳои номатлуб ҳамроҳ намуда ин фардҳо чӣ гуна ҳамроҳ шуданашонро низ намефаҳманд. Дар замони кунунӣ, терроризм ба масъалаи глобалии замони муосир, воситаи муоссири тарсондани инсон, неруи манфии вайронкунандаи низомҳо, унсури нодурусти расонидан ба мақсадҳо, таҳдиди ҷиддӣ ба фарҳангу тамаддунҳо, ҷаҳон ва ҳар давлати демократӣ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гаштааст. Вайрон кардани мафкураи мардум ва иғвобарангезӣ ҷинояти махсусан вазнин ба шумор меравад, аммо душманони давлату миллати мо ба монанди Кабириву Иқбол, Саидюнусу дигар аъзоёни Паймони экстремистии “миллӣ” ин амалро шиори ҳамешагии худ қарор дода, дар ҳар баромаду гузоришҳои худ ба ғайр аз иғвобарангезӣ кори дигаре надоранд. Душманони миллат дар мисоли Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд мардумро раҳгум зананд, афкору ақидаи халқро тағйир диҳанд, аммо, сокинони ин сарзамин мардуми худогоҳу хештаншиносанд ва ҳар бадиву некиро ба осонӣ метавонанд қазоват кунанд. Дар ҳар сурат, Муҳиддин Кабирии хоину пайравони каҷраваш бояд донанд ва дарк кунанд, ки ин миллат мисли шумо беиродаву ватанфурўш нестанд ва ба ҳар иғвову дасисаҳои мисли шумо бовар намекунад! Боиси тазаккур аст, ки Кабирӣ аз дур истода аз сиёсату иқтисодиёт лоф мезанад, лекин дар ин чанд соле, ки бо ҳизби террористиаш дар кишвар расман амал мекард, вакили мардумӣ буд, барои беҳбудии аҳолӣ заррае хизмат накардааст. Баракс чи боигарие, ки миллату давлат дошт ғасбу ғорат карда, хурду бурд. Баъдан таҷриба нишон медиҳад, ки нафари мафкураи динӣ-ифротӣ ва террористӣ дошта дар ягон ҳолат ба арзишҳои миллӣ, демократӣ ва дунявӣ хоҳиш надорад, аз он ҷумла Кабирию пайравони наҳзатиаш. Лек ин Худобехабарон намедонанд ва ё донистан ҳам намехоҳанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин тоифаи ифлосу сияҳдил нахоҳанд гашт. Мардуми кишвар ба дасисаҳои разилонаву ғаразолуди ин тоифа ҳеҷ боварӣ ва эътимоде надоранд. Имрӯз идеологияи миллии мо ташаккул ёфта, худшиносиву худогоҳии мардум дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Ҷавҳари идеологияи миллии моро ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, таъмини амнияти миллӣ, саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ташкил медиҳад. Хоинон ва душманони миллат бо ҳарзагӯиҳо, маълумоту хабарҳои бардурӯғ наметавонанд, мафкура, афкор ва андешаи ба мо бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд Вобаста ба ин, моро лозим аст ки ҳушёрию зираки худро аз даст надиҳем ва ба ҳар гуна сафсатаҳое ки аз тарафи аъзоёни гурезаи аъзоёни Ҳизби наҳзати исломи дар сайтҳои гуногун чоп мекунанд бовар накунем, ба доми фитнаю дасисаҳои онҳо наафтем. Ҳаёти осоиштаи худро ҳифз намоем ва ҳаловат барем. Барои тараққиёти давлати соҳибихтиёри худ ҳамеша саҳмгузор бошем. Мо мардуми сарбаланди ин давлат умедвор аз он ҳастем, ки ҳар як хоини ин миллат ва ин Ватан ба ҷазои аъмоли нопоки худ мерасад.
Сатторова М. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллоотӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён.