Роҳбарони ТТЭ ҲН дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карданд

      АНДЕША: Собиқ ТЭТ ҲНИ дар тамоми давраи фаъолияти худ, яъне аз охири замони шуравӣ то имрӯз бо содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш ва даҳшатафканӣ худро ҳамчун як неруи таҳрибкори ифротӣ, зидди миллӣ ва хатари минтақавӣ, ки аз ҷониби доираҳои иртиҷоии манфиатдори хориҷӣ идора мегардад нишон дода аст. Дар солҳои охири мавҷудияти шуравӣ ва марҳилаи барњам хурдани он доираҳои мазҳабӣ ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳои хориҷӣ бо мақсади тадбиқи манфиатҳои геополитикии худ дар Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ТТЭ ҲН-ро созмон додаанд. Солҳои аввали навадум наҳзатиҳо аз ба миён омадани ҳолати нофаҳмоӣ ва суст гардидани сохти давлатдорӣ истифода бурда, бо супориши маблағгузорони берунаашон дар Тоҷикистон таблиғоти пурзури идеологиро, ки ба ақидаҳои мазҳабии ифротӣ асос ёфта буд, ба роҳ монданд. Онҳо мардуми кишварамонро ба таври мақсаднок вобаста ба миллату маҳал, мазҳабу ақидаҳояшон ҷудо мекарданд. Дар байни аҳолӣ ихтилофи мазҳабӣ, ҳисси нобоварӣ ҳамдигарбадбиниро бармеангехтанд. Кормандони мақомоти давлатӣ ва зиёиёнро бо ҳар роҳу восита бадном мекарданд ва мекушиданд, ки мардумро ба муқобили онҳо шуронанд. Наҳзатиҳо бо чунин усул мехостанд ҳокимияти сиёсиро ғасб кунанд ва сохти давлатдориро тағйир дода, тибқи нишондоди хоҷагони хориҷиашон ҳукумронӣ кунанд. Яъне ба хотири манфиатҳои ғаразнокашон онҳо хиёнаткорона мардуми кишварамонро ба ғулом табдил додани буданд. Вале мардуми огоҳи Тоҷикистон сари вақт аз нияти бади наҳзатиҳо хабардор гардида ба макру ҳилаи онҳо дода нашуданд ва ҷонибдориашон накарданд. Он замон роҳбарони ТТЭ ҲН дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карданд, ки боиси кушта шудан ва оворагию бечорагии садҳо ҳазор одамон ва нобудии иқтисод гардид.

      Онҳо дар давоми чанд соли охир силсилаи ҷиноятҳои мудҳиш, аз ҷумла куштору ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ташкили гуруҳҳои ҷангӣ, хиёнат ба ватанро анҷом додаанд. Шумораи зиёди ҷавононро бо роҳи фиребу мағзшуӣ ба сафҳои худ ҷалб карда, қисме аз онҳоро барои иштирок дар амалҳои терористӣ ба кишварҳои ноороми Авғонистону Сурия ва Ироқ фиристоданд. Ниҳояти ҷинояткорӣ ва хиёнатҳои роҳбарияти ТТЭ ҲН дар моҳи сентябри соли 2015 ба истифодаи мақоми он замон ишғолкардаи Ҳоҷӣ Ҳалим даст ба табаддулоти низомӣ задани онҳо буд. Маҳз ҳамин амали нангину хиёнаткоронаи наҳзатиҳо ва исботи ҷиноятҳои дигари даҳшатноки онҳо боиси манъи фаъолият ва террористӣ эълон гардидани ҳизби мазкур шуд. Исботи дигари то ҳануз аз терроризму ифротгароӣ даст накашидани наҳзатиҳо аз ҷониби онҳо анҷом ёфтани амали нангину даҳшатноки куштори гуруҳи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон мебошад. Бо ин ҷинояташон наҳзатиҳо мақсади барои сайёҳон ноором нишон додани Тоҷикистонро доштанд.Тамоми мардуми Тоҷикистон, тоҷикони дар хориҷа қарордошта ва кишварҳои дигару созмонҳои байналхалқӣ дигар чеҳраи аслии ин ташкилоти террористиро мешиносанд ва на ҳизб, балки як ташкилоти террористӣ будани онро медонанд.

Сафаров Исроил Исмоилович, мутахассиси пешбари раёсати омори ноҳияи Кӯшониён

 

 

Миёна: 3.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.