Кӯшониён: Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сокинони шаҳраки И.Сомонии ноҳия

“Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз 3 январи соли 2023, бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, вохӯрии Шодиён Муҳаммад Султонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ баргузор гардид. Меҳмони гиромиро, дар вохӯрӣ Қаҳорзода Нурмаҳмад, муовини раиси ноҳия ва Ҳакимзода Миҷгона раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ҳамрайи менамуданд. Дар баромади худ Шодиён Муҳаммад, асосан оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат ёдовар гашта, қайд намуданд, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатњи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кардааст. Инчунин дар вохӯрӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани некуаҳолии мардум, сарфакорона истифодаи қувваи барқ, сари вақт ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ, самаранок истифодабарии замин, ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷоми ҷамъомад Шодиён Муҳаммад ба амаи иштирокчиёни ҷамъомад барои иштирокашон миннатдории хешро баён намуда, ба онҳо ва дар симои онҳо ба сокинони шаҳраки И.Сомонӣ тансиҳатию хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд. Инчунин қайд гардид, ки чунин вохӯриҳои судманд бо фаъолони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда мешаванд.

1_21.jpg 5_84.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.