Андеша: Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нави замони Истиқлол буда, ҳоло ба ҳукми анъана даромадааст. Ва он ҳар сол ба парлумони кишвар ироа мегардад. Паём ин санади сарнавиштсоз, раҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегардад. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Пешвои миллат дар Паёми худ тарбияи насли ҷавон, пешгирии шомил гардидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористиро зери тозиёнаи танқид қарор додашуданд. Аз қадим аҷдодони мо вобаста ба ҳуввияти миллиямон ҳамеша қишри ибратомӯзу мушкилкушои нофаҳмиҳо байни насли ҷавонанд ва бояд эшон рисолати инсониву имонии худро баҷо оварда, ба ҳамсояву хешу пайвандон ва сокини маҳаллаи худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, кўшиш кунанд, то наврасон ба касбомўзӣ ва саводомўзӣ бештар диққат диҳанд. Ба ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳвати миллӣ-Пешвои миллат омўзиши ҳунарҳои миллиро хело ҳам ба маврид таъкид карданд. Чун анъана Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерўи созандаи миллат унвон карда, махсус иброз доштанд, ки сиёсати мо дар самти тарбия, ҷобаҷогузории кадрҳо ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон мунтазам идома хоҳад ёфт. Ҳамзамон дар Паёми имсола Сарвари давлат махсус зикр намуданд, ки имрўз бояд соҳаи саноат, кишоварзӣ афзалият дошта бошад. Гузариш аз ҷумҳурии агросаноатӣ ба ҷумҳурии саноатию аграрӣ, яъне тавассути инкишофи соҳаҳои гуногуни саноат, таъсиси корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ, аз як тараф боиси коркарди захираҳои бойи ашёи хоми кишвар гардад, аз тарафи дигар сабабгори зиёд шудани ҷойҳои корӣ гашта, муаммоҳои имрўзаи ҷомеаи мо халли худро пайдо хоҳанд кард. Хулоса карда гуем, Паёми имсолаи Роҳбари давлат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як дастури раҳнамо мисли солҳои пешин тавонист, ки дар рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд. Паём барои ҳар як фарди ватанхоҳу ватандўст метавонад барномаи мукаммали солонааш бошад, то ҳар яки мо бо ҳидоят ва пешниҳоду шароити мусоиди ба роҳ мондаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсадҳои нек қадам сўи фардои дурахшони ватанамон дошта бошем.
Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Умаралиев А.