БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

    Вокуниш: Терроризм ва эктремизм яке аз хатарҳои ҷаҳони муосир буда, ҳамчун зуҳороти номатлуб ҷомеаро ба ташвиш андохтааст. Ин вабои аср ба ҳар як давлату кишвар ҳамчун зуҳуроти мураккаби сиёсию ичтимоӣ зарару даҳшатҳои худро мерасонад. Бо вуҷуди ин ҷавонон ва баъзе ашхоси гуногун, ки дар ТОчикистон ва хоричи кишвар мебошанд, имрӯзҳо туъмаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ мегарданд. Ба ин омилҳо бо сабаби ноогоҳӣ, сустиродагӣ, бесаводӣ шомил гардида, фирефтаи ваъдаҳои муғризона гашта даст ба амалҳои тахрибовар мезананд. Аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ махсусан ҷавонони ноогоҳро мағзшӯӣ намуда, пешрафти кишвар, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва ҳаёти осоиштаи моро нодида гирифта, ба воситаи тарғиботу ташвиқотҳои бардурӯғу ғаразноки худ ҷавононро ба доми фиребашон кашидан мехоҳанд. Террористону ифротгараёни ба ном “ғамхору ватандӯст ва донишманд” агар худ босаводу меҳандӯсти ҳақиқӣ мебуданд, тарки Ватан, давлат ва зодгоҳи худ намекарданд. Онҳо хиёнаткору ифротгаро буда, аз кардаи хеш ҳазорон бор пушаймонанд ва ҳаррӯзу ҳар соат дар фикри бофтани як тӯҳмат, як рафтори ноҷавонмардона, кинаю адоват ва барангехтани низоъҳо ҳастанд. Бо ин ниятҳои нопок, барангехтани низоъ, ноором сохтани ҷомеа, нафрату бадбинӣ, даъват ба ҳаргуна амалҳои номатлуб сурату сиратӣ ноҷавонмардона, дуруягӣ, ва нодонии худро ифшо сохта, рӯ ба давлатҳои бегона намуда, террористу ифротгаро гардидаанд. Ҳазар аз ин тоифа террористону ифротгароён! Ҷавонони мо бояд имрӯз фирефтаи чунин шахсони тундгаро нагарданд, зеро террорист ватан, давлат, миллат надорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудаанд, ки: “Имрӯзҳо гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”. Аз ин рӯ ҷиҳати пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои экстремистиву террористӣ кулли ҷомеа бояд фаъол бошем. Дар ниҳоди ҷавонон руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро бедор намуда, ба экстремисту террористон зарбаи сахт бирасонем.

Ҳакимзода М. Ш. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.