Вокуниш: Аз замонҳои дури таърихӣ то ба имрӯз ба мо маълум аст, ки манотиқи Осиё барои давлатҳои абарқудрат чун минтақаи амали гардонидани аҳдофи сиёсӣ ва геопалитикӣ будааст. Афғонистон низ чун кишвари мустақар дар Осиё аз ҷиҳати сиёси дар тамоми давраҳои таърихи гоҳ тобеи як кишвари тараққикардаи давр ва гоҳе тобеи дигар кишварҳо будааст. Дар масири таърих Афғонитон кишвари рушдкарда будааст, ки далели боеътимоди он ҳам таърих ва фарҳанги бою ғанияш аст. Таъсири фарҳангии Афғонитону кишварҳои ҳамҷавори он бо якдигар ва аз ин роҳ вусъат ёфтану пайвастан ба фарҳангҳои навташаккулёфта ва дар ғанӣ гардонидани онҳо нақши таъсиррасон гузоштааст. Боқимондаҳои ёдгориҳои таърихии Буддо дар Бомиён далели муътамади ин гуфтаҳост. Афғонистон мамлакти сермиллат буда, дар он беш аз 20 миллату халқият зиндагӣ мекунанд. Қисмати зиёди ҳайати миллии Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд, ки фоизашон ба 44 баробар аст ва бисёри мардуми ин кишвар ба забони дарӣ ҳарф мезананд. Имрӯзҳо ҳам аз тариқи рӯзномаву радио ва оинаи нилгун воқиф мегардем, ки қисме аз мардуми ин ҷумҳури чи гуна овораву сарсон дар кишварҳои Аврупову Осиё ҳастанд ва қисми дигар дар дохили Афғонистон озору азият дида истодаанд. Ин ҳам бошад баъди барканор шудани ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар 15 августи соли 2021 пас аз гирифтани ин ҳукуат аз ҷониби “Толибон”. Гуфтан лозим аст, ки ҳукумати ташкилкардаи Толибон ҳеҷ гоҳ ба манфиати мардуми ин минтақа фаъолият накардаанд ва нахоҳанд кард. Инро метавон дар фаъолияти як солу чормоҳаи ин ҳукумат хулосабарорӣ кард. Ба дараҷаи паст расидани сатҳи зиндагии ин мардум ҳам далели дигари боэътиомод аст. Аз таҳсил дур кардани духтарон ва ба таълим фаро нагирифтани онҳо дар мусасисаҳои миёнаву олии ин кишвар, то андозае таъсир ба ҷомеае аст, ки дар он зеҳнияти занон ба назар гирифта нашудааст. Имрӯзҳо ба воситаи оинаи нилгун мебинем, ки духтарони афғон дар ихтироъи роботҳо дар шаҳрҳои гуногун иштирок намуда, муаррифгари кишварашон мегарданд. Занону духтарони афғон мехоҳанд мисли мардонашон дар расонаҳои хабарӣ фаъолият кунанд, вале инкори хостаҳои ҳамаи онҳо боз ҳамин ҳукумати “Толибон” мебошад. Бояд гуфт, ки дар муътадил гардонидани вазъи имрӯзаи кишаври Афғонистон ҳам давлатҳои ҳамҷавор ва ҳам созмонҳои ҷаҳонӣ бояд якдилона саъй намоянд.
Раҷабалиев Самандар-омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №52-и н. Кӯшониён