АНДЕША: Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои амнияти ва мубориза бо терроризми ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқӣ силоҳ, маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои марбут ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва бартараф кардани оқибатҳои он саҳми босазо дорад ва ин иқдом идома хоҳад ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар Паёми навбатии худашон ба ин масъалаҳо таваҷҷӯҳ карда, қайд карданд, ки " Имрӯзҳо раванди геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқи монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобатҳо ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд". Чунин шароити ба амаломада, боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳо мегардад. Кишвари азизи мо, ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои аньанавии худ сиёсати "дарҳои кушода"-и хориҷии худро санҷида идома медиҳад ва робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманду созандаи дуҷониба ва бисерҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон роҳандози менамояд. Ташкили робитаҳои фаъол, рушди муносибатҳо бо шарикони стратегӣ ва боэътимод аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷи дониста шуд. Махсусан, устувор нигоҳ доштани эътимод ва дустии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ қайд гардида, ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, СААД, САҲА ва дигар сохторҳо ҳамчун узви фаъоли ин созмонҳо идома меёбад. Қайд гардид, ки Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколамаро ҷонибдорӣ менамояд ва нақши муҳим ва калидии СММ ро дар ин самт пуштибонӣ мекунад. Тоҷикистони азизи мо ҳамчун кишвари ташаббускор дар миқёси ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иклим шинохта шудааст ва боиси қаноатмандист, ки Маҷмааи Умумии СММ соли 2025 умро "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо " ва 21 уми мартро " Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо" эълон кард, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Дар асоси ин қатънома вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шањри Душанбе конфронси сатҳи баланди СММ баргузор хоҳад шуд. Пазируфтани ташаббуси панҷумини ҷаҳонии Тоҷикистон ва Президентамон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост. Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва дастовардҳои он, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ, рисолати имонии худ мешуморем ва тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро ҳамчун фарзандони Тоҷикистон ба рушди Ватани маҳбубамон равона карда, ба наслҳои оянда мулки ободро мерос мегузорем. Дар замири худ ва фарзандонамон Ватандустиро тарбият карда, бо ҳисси баланди миллӣ барои ободи ва рушди давлати худ саҳм мегузорем! Ҳамчун хизматчии давлатӣ бо дарки масъулияти баланд барномаву нақшаҳои бунёдкоронаи пешбинишударо бо сифати баланд таъмин карда, ба халқи азизамон содиқона хизмат менамоем!
Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён