Вокуниш: Имрӯз кишварҳои исломӣ ба хотири манфиатҳои минтақавии хеш байни ҳам муноқиша карда, худашон ба девори маҳками ислом рахна мезананд ва табиист, ки абарқудратҳо аз ин ҷудоиву мухолифати байниҳамдигарии мусулмонон истифода мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, мутаассифона, акси садои мухолифатҳо дар ҷаҳони ислом ба мушоҳида мерасад. Номутаносиб ва муташанниҷ будани вазъ дар Афғонистон бар асари даргириҳои дохилӣ ва аксаран ҷавонони муҳоҷири кориро дар Русия ба доми хеш ҷалб намудани мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгаро ҳоло аз муаммоҳои ҷиддии кишвари мост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки террорист дин, миллат мазҳаб надорад. Ин падидаи нанговар мебошад ва ба дини мубини ислом ва ё динҳои дигар мутааллиқ нест. Муборизаи беамон бо экстремизм ва тероризм яке аз роҳҳои таъмин намудани оромӣ дар кишвар аст. То даме ҳар фарди ҷомеаи шаҳрвандии мо ақидаи солими меҳанпарастонаро дар ниҳодаш парвариш накунад, ободии кишвар ба мушкилӣ дучор хоҳад гашт. Моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳарактҳои ба ном исломӣ ва хоинони миллат огоҳ созем. Агар мо тавонем, ки ҳақиқатро ба ҳамагон расонем, ҷавонони тоҷик дигар ба доми ташкилотиифротиву террористӣ намеафтанд ва дигар касе наметавонад мардуми моро бо шиорҳои дурӯғини худ фирефта намуда, дар ҷомеаи навини тоҷикон тафриқа эҷод намояд. Сулҳи тоҷикон ба арзонӣ ба даст наомадааст, аз ин рӯ мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем то ин сулҳ ҷовидон пойдор бимонад ва мероси наслҳои ояндаи мо бигардад!
Далер Собиров
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён