ТЕРРОРИЗМ-ВАБОИ АСР

    ВОКУНИШ: Дар замони муосир башарият ба як зумра мушкилоте рӯ ба рӯ шудааст, ки аз хавфу хатар ва таззодҳои он ҷомеаи муслимини кишварҳои олам низ истисно нест. Агар бигӯем, ки ҷаҳони ислом дар рӯзгори кунунӣ буҳрони азимеро аз сар мегузаронад, иштибоҳу муболиғае нахоҳад буд.Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Гурӯҳҳои террористон ҷавонони гумроҳу ҷоҳил ва камогоҳ аз асли исломро бо ҳар роҳу восита ба гурӯҳҳои тундрав ва инсонкуши террористӣ ҷалб менамоянд, ки ин ҳолат низ солҳои ахир хатарзо шудааст. Агар яке аз сабабҳои ин падидаи ногувор хурофотӣ будани мафкураи ҷавонон ва гумроҳии онҳо бошад, аз ҷониби дигар, ихтилофи худи кишварҳоест, ки ағлаби аҳолиашон мусулмононанд.
 

Умаралиев А. мудири шуъбаи ташкилӣ
ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён.

Миёна: 1 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.