ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОНРО БА ТАВРИ МУСБӢ БА РОҲ МОНДАН ЗАРУР АСТ

      АНДЕША: Терроризм ва экстремизм ҳамчун муаммои ҷаҳонӣ дар замони ҳозира махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористон ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар хел роҳ зарар мерасонанд. Дар ин роҳ аз сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ истифода мебаранд. Мавзӯи асосии он ин пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундравро ифода намуда, ин мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯза мебошад. Терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Дар замони муосир қатори ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод афзун меёбад. Ба назар чунин мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва эшон бехабар аз мақсаду ҳадафи саркардагон ба ҷони худ хатар эҷод мекунанд. Огоҳӣ надоштан аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун омили муҳими гумроҳшавии ин гурӯҳи ҷавонон ба назар мерасад.

Рӯйи рост таъкид кардан ҷоиз аст, ки терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос намебошад. Барои он ки дини мубини ислом дар оянда чун манбаи зӯроварию фишор эътироф нагардад, бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузошта, ба ҷои муқовимати сиёсӣ гуфтугӯи тамаддунҳо ба роҳ монда шавад. То он вақте, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир боқӣ мемонад. Имрӯз давлати Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои минтақавӣ ба ватанамон таҳдидҳо меофарад. Душманони миллати тоҷик аз дур истода, бо ҳар роҳу восита фазои ороми кишварамонро халалдор менамоянд. Онҳо кӯшиш доранд, ки тавассути қувваҳои дохилӣ ва бурунмарзӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғу ташвиқ бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар ҷавононро ба роҳҳои номатлуб ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшон мебошанд, ки аз нуқтаҳои гуногуни сайёра баромад мекунанд. Дар ин марҳилаи пуртазод ва ҳассос бояд хушёрии сиёсӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба ҷавонони имрӯза тарзи ҳаёти солимро тарғиб намудан лозим аст. Таълиму тарбияи наврасон ва ҷавононро ба таври мусбӣ ба роҳ мондан зарур аст. Ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб кардани эшон хеле манфиатбахш мебошад.Муттаҳидӣ, якдилӣ ва дастаҷамъии ҷомеа, хатари ба иғво андохтани хоинони миллатро нигоҳ медорад. Тамоми қувваи хешро ба он сафарбар созем, то ки ватани хешро аз дасисабозиҳои душманон эмин дорем.

Сатторова Моҳбону, мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён.

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.