Паёми Президент-оинаи ҳаёти ҷомеа ва давлат

     АНДЕША:Дар таҷрибаи давлатдории таърихи навтарини Тоҷикистон Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солона-ҳисоботи Сарвари давлат ба тамоми мардуми кишвар ба воситаи Парлумон буда, ин падида дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ, ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Аз як тараф Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, аз тарафи дигар дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлил ва баҳогузорӣ маълум месозад.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 23 декабри соли 2022 ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ барои тамоми мардуми шарифи тоҷик ироа гардид, ба ақидаи банда, пурмуҳтавотарин ба ҳисоб меравад. Дар он пеш аз ҳама дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, яъне сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм ва ғайра дар давоми 31 соли Истиқлолият мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, дурнамои рушди кишвар вобаста ба самтҳои муайянгардида, нишон дода шудааст.Пешвои миллат мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, дар самти соҳаи иҷтимоӣ дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 44 фоизро ташкил медиҳад.Вобаста ба ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ аз 9 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардидааст.

      Дар давраи зикр шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шудааст. Дар 31 соли истиқлолияти давлатӣ, 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Мехоҳам иброз намоям, ки яке аз нуқтаҳои муҳими дигари Паёми Сарвари давлат вобаста ба риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар таълиму тарбияи фарзанд” ва санади дигари дар ин самт қабулшуда, аз қабили фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз феврали соли 2017, №835 “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба шумор рафта, дар ин самт қайд намуданд, ки миллати соҳибтамаддуни мо аз қадим бо одобу рафтори намунавӣ ва тарбияи худ маълуму машҳур буд ва итминон дорам, ки имрӯз низ мардуми бофарҳанг соҳиб маърифати мо барои мукаммал намудани ин қонун аз анаънаҳои неки миллӣ, фарҳанги ғанӣ, ва таърихи қадимаи худ васеъ истифода намуда, тарбияи поктинативу зебои парастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориву дар замири фарзандони худ идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилпурона ба сӯи уфуқҳои ояндаи ободу осуда баранд.

       Ҳамин тариқ, аз муҳтавои Паём дида мешавад, ки Пешвои миллат фақат дар фикри беҳбудии кишваранд. Бинобар ин иҷро намудани дастуру супоришҳои дар Паём соли 2022 ироа гардида, таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони он равона шудааст. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷумҳурии азизамон бояд дар татбиқи ин нақшаи кашидаи Пешвои миллат саҳмгузор бошад.

Ш. Шарипова, сармутахассис-котиби Комиссияи

оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.