Дар Партави Паём: НАҚШИ ТАРБИЯ ДАР УСТУВОРИИ ОИЛА

     АНДЕША: Оила мафҳуми муқаддас, олӣ ва гаронарзиш ба шумор меравад. Оила зинаи авалини ташаккули маданияти инсонӣ, ақлонӣ ва равонӣ ба шумор меравад. Рушди ҷомеаро бидуни оилаи солим тасаввур кардан ғайриимкон аст. Яъне, оила метавонад дар ташаккули ҷомеа саҳми арзанда дошта бошад. Зеро, ки оила таърихи қадим дорад. Миллати тоҷик аз давраи қадим бо маданияти баланд, рафтору хиради олӣ мақому ҷойгаҳи хосси худро доро буд. Мо, насли имрӯза дар назди ҷомеа вазифадор ҳастем, ки ин мартабаро бе ягон нуқсон ба насли ояндаи миллат нигоҳ дошта ва бурда тавонем. Ин таъкидҳое ҳастанд, ки ҳамеша аз ҷониби Сарвари давлат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад. Маҳз дар ироаи Паёми навбатиашон роҳбари давлат, санаи 23 декабри соли 2022, бори дигар занону модаронро дар баланд бардоштани тарбияи дурусти фарзандон, маданияти хонаводагӣ вазифадор намуданд. Мо модаронро зарур аст, ки ба боварию эътимоди Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ бошем. Қонуни Ҷумҳурии тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бори дигар падару модаронро дар тарбияи фарзандон хушдор намуд. Ҳар як амале, ки фарзандон мекунанд, натиҷаи тарбияи волидон аст. Зеро, ки шахс нахустин ҳисиётро ба мисоли ақл, фаҳмиш, маданият, рафтор, гуфтор ва ба монанди инҳоро дар оила, бахусус аз падару модар ба худ мегирад. Ва он чизе, ки шахс дар кӯдакӣ ба худ қабул мекунад, ин абадӣ дар хотира нақш мебандад ва чун нақш дар болои санг аст. Гарчанде, ки дар раванди тарбияи шахс муҳит, атроф, ҷомеа ва мактаб низ метавонанд таъсири худро дошта бошад. Зани бофарҳанг, ботамкин, дурандеш на танҳо дар тарбияи фарзандон ва аҳли оилаи худ, балки таъсири хубе дар тарбияи ҷомеа низ расонда метавонад. Аз қадим мақоле, миёни мардум маъмул аст, ки барои ҳар як шахс падару модар ва хусуру хушдоманро ҳамчун “чор пиру чор тадбир” мегӯянд, то бо чорагирӣ оилаҳои ҷавонро аз парокандагӣ эмин доранд. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки зимни оиладор намудани фарзанди худ, дар қалби фарзанд падару модари ҳамсар ё шавҳарро ҳамчун падару модари худ қабул намудан, як шуълае фурӯзон намоянд. Яъне падару модари ҳамсарро ҳамчун падару модари худ қабул намоянд. Вале, матаасифона на ҳама вақт чунин аст. Нишондодҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон рӯз ба рӯз теъдоди зиёдшавӣ доранд, ки ин омори нигарикунанда аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои ҷудошавии оилаҳо зиёданд. Ба мисоли вазъи ногузири иқтисодӣ, мушкили манзил, муҳоҷирати меҳнати, таъсири тарафи сеюм, ками дар кам бефарзандӣ ва ғайра. Мутаасифона, аслан тарбияи паст ва феълу рафтори нодурусти навхонадорон дар пароканда гардидани оилаҳо нақши калидӣ мебозанд. Ҷудошавии оилаҳо метавонанд ба фарзандони ин оила таъсири бад расонад. Аз ин рӯ, аз ҷониби падару модар, хусуру хушдоман бояд ҳама чораҳо андешида шавад, то оилаҳо устувору пабарҷо монанд. Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аз насли ҷавон ва наврас вобастагии калон дорад.

Амонзода М.А, мудири шуъбаи

кор бо занон ва оила

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.